Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Алафдарав

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Дар истилоҳ ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар кунем, маънои “Даравгар” бо дос ё мошин буридани алаф, пояи ҷаву гандум ва ё аз киштзор вақти дарав, ба дарав даромадан, мошини дарав механизми махсуси даравкунандаи алаф мебошад.

         Имрӯзҳо дар  фасли тобистон ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ меҳмонони ватанию хориҷӣ барои истироҳати хуш ва сайру гашт ташриф мефармоянд. Яъне,муҳити зист ҳамеша тозаву озодаю дилкаш бошад.Ба ин хотир ҳамешагӣ тозаву озода нигоҳ доштани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”аз ҷониби боғбонон ва кормандони техникӣ барои  нашъунамо  ёфтани дарахтону  гулу гулбуттаҳо  сари вақтии обмонӣ,таъминоти ғизо ва дигар корҳои техникиро ба анҷом  расонида истодаанд.

    Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ аз масоҳати умумии боғи фарҳангӣ, зиёда аз 4.0 га-ро масоҳати алафзор ташкил медиҳад.Алафҳои сабз мисли қолин дар байни гулу гулбуттаҳо, ки гӯё қолини зебои сабз дароз кашидааст, бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Агар кормандони техникӣ ё масъулини боғи фарҳангӣ саривақт аз алафҳои худрӯй ва  алафҳои бегона тоза накунанд, ба “Чакалакзор” монанд мешавад. Барои барқарор намудани ҳусни табии чӣ бояд кард? Хуб ин ба фикрам агар техникаи хизматрасон бошад, хело осон аст, ки мошинаи алафдарав кифоя аст. Албатта, дар шуъбаи техникӣ мошинаи алафдарав мавҷуд аст, ки кори боғбононро осон мекунад ва ба  туфайли кӯтоҳ майдончаро алафдаравӣ мекунад.Ба назари кас масоҳати гуногуни алафҳои даравидаи баландии дилхоҳ нигоҳдошта  гӯё, ки бо қайҷӣ бурида бошанд. Ин мошини алафдарав баландии алафро ба танзим медарорад. Ронандаи мошини алафдарав  Турдиев Фурқат- мегӯяд,ки бояд сатҳи буриши алаф новобаста аз масоҳат якхела бошад.Хубиаш ҳамин аст,ки қайчии мошини алафдарав аз 10см боло гирифта наметавонад, чунки ин андозаро истеҳсолкунанда муайян кардааст. Дар идома гуфт-ӯ тӯли ҳар 10-15 рӯз алафро медаравем ва ба тартиб медарорем то ки боғи фарҳангӣ манзараи зебогии худро гум накунад.Бо назардошти ин нигоҳбиниҳо ҳамеша алафҳо сарсабз,каб-кабуд,гулу гулбуттаҳо дар ҳолати нашъунамо ҳастанд,эҳтиёткорона ва моҳирона мошини даравгарро идора мекунем, ки то ягон дарахту гулбуттаҳо ва ниҳолҳои ороишӣ осеб набинанд- гуфт дар идомаи суҳбат.Чунки ин гулбуттаҳои рангоранг ҳамеша ҷилванамоӣ мекунанд,ки шабу рӯз баҳри тамошобин басо дилангез ба назар мерасад.

 

                           Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАлафдарав
Scroll to Top