Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

23-июни соли 2023 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2023” баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 500 нафар меҳмонону соҳибкорон аз Федератсияи Россия, Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон ва ғайраҳо иштирок карданд.Дар намоишгоҳ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва навоҳии кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба маъраз гузоштанд. Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2023” давоми рӯз ва санаи 24-уми июн низ идома ёфта, дар доираи он ташкилу баргузории якқатор форуму конфронсҳо ва сӯҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд. Ҳадафи ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2023” дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.Баъд аз фарҷоми мулоқот, ки дар театри Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, бисёри аз иштироккунандагони Форум аз он ҷумла Абдылдаев Эрмат Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳонаш аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд.Аз тарафи мудири шӯъбаи оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Сайфиева Ш ба таври пурра сайри илмӣ гузаронида шуд ва аз симоии меҳмонон пайбурда шуд, ки таъриху фарҳанги куҳани миллати тоҷик ба онҳо хело писанд омад. Дар фарҷоми боздид аз толорҳои намоишии осорхона таманниёту  таассуроти худро ба китоби “Меҳмонони фахрӣ”  ба таври зайл гузоштанд.

“С большим интересом посетили и осмотрели Исторический музей Согдиской областы. Богатая и очень интересная история!

Желаем далнейшего развития и укрепления отнощении Согдийской области со всеми соседями ”.

 

Абдылдаев Эрмат

Посол Кыргызкской Республики в Таджикистане

 

Мудири шӯъбаи оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Сайфиева Ш

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top