Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ваҳдати миллӣ муборак!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамватанони азиз!

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамаи Шумоёнро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод  менамояд.

Санаи 27 июни соли  1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонро сарҷамъ оварданд, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар ҷеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишоту хурсандӣ, меваи ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ин иди фархунда тимсоли сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар мамлакат боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Бо камоли эҳтиром, ба Шумоён саломатии қавӣ, пояи мустаҳками сулҳу осоиштагӣ, осмони софи абадӣ дар сарзамини ҳамешабаҳори кишвар, дар ҳамаи ҷодаи фаъолияти корҳои пурсамар баҳри рушди Ватани маҳбубамон  орзуҳои нек таманно дорем.

Иди Ваҳдат муборак бод!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВаҳдати миллӣ муборак!
Scroll to Top