Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шоҳмот-варзиши зеҳнӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоҳмотбозӣ яке аз силсилабозиҳои қадима дар тамаддуни мардуми форсу тоҷик ба шумор рафта таърихӣ тӯлонӣ дорад.

Дар ин радиф, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки бо ҳамкории Ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии  “Сипари сулҳ”, бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ташкил намояд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи варзишии шоҳмот дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Рафти мусобиқа нишон дод, ки дар ин самти варзиши зеҳнӣ ҳаводорни зиёде доштааст.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишии шоҳмот аз тарафи аъзоёни ҳакамон ҷойи аввал Полвонов Аҳадҷон- аз мактаби болаёқати шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм Фаррухзода Амина ва Иброҳимов Алишер аз мактаби “Гёте”, ҷойи сеюм Алиев Муҳаммадалӣ аз мактаби “Гулчини маърифат”,  Камолиддинов Дилшод аз мактаби “Болаёқат” ва Ҳошимов Маъруф аз мактаби “Гёте”, инчунин ҷойи чорум Ҳошимова Оиша аз мактаби “Гёте”  ишғол намуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШоҳмот-варзиши зеҳнӣ
Scroll to Top