Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲИСОБОТИ фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат”, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Бо Қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №190 аз 13.04.2015 Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд.

 Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯмон Неъматов” ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ, “Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ҳамчун муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ ва мавзеи таърихии хусусияти ҷумҳуриявидоштаи “Қалъаи Хуҷанд” буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фаъолият менамояд.

Дар ин давраи ҳисоботӣ 1 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 84 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо, маводҳои замони муосир ҷамъоварӣ карда шуданд. Аз миқдори умумии ашё 49 адад ба маблағи 13.865 сомонӣ харидорӣ карда шуданд, 35 адад ашё ройгон қабул гардида, 49 адад ба фонди асосӣ ва 35 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида,  нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2023, сенарияи вохӯрӣ ва конфиренсияи илмӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Аз тарафи ходимони илмии шуъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуд. Экспонатҳои асосии соли 2022 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар осорхона ва берун аз он аз фонди осорхона 306 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд.

Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Краткий отчет о разведке в Долоне”, “Шавоҳид-ун-нубуват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Забткории муғулҳо дар Осиёи Миёна”, “Ҳунари зардӯзии тоҷик ва хусусиятҳои миллии он”, “Ноҷиб Моили Хиравӣ - нусхашинос” таҳия карда шуд.

Инчунин аз тарафи кормандони илмӣ ба экспонатҳое, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҷиҳозонидани толорҳои намоишӣ иловагии осорхона ва ҳавлиҳои навбунёди Қалъаи Хуҷанд харидорӣ карда шуданд ба миқдори 365 адад тавсифоти илмӣ омода гардид.  

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 2-маротиба конференсияи илмӣ, 2-маротиба вохӯрӣ, 6-маротиба намоиш дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, 10-маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ дар худуди Боғи фарҳангӣ фароғатии Камоли Хуҷандӣ ташкил карда шуд.

Дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 22040 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 12144 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 12958 нафар тамошобинон 333 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 9082 нафар буда, 1036 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз осорхонаҳои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Евгений Евдокимов ва роҳбарияти ҶИИ “Днепроэнергосталь”, кордори сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Любедел, намояндагони ширкати “Технологияҳои муосири нақлиёт-и Федератсияи Россия”, муовини Вазири саноат ва тиҷорати Федератссияи Россия Груздеев А.В., кордори Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Пол Гринҳол, Роҳбари Консерни саноати озуқавории Ҷумҳурии Беларус Жидков О.Н. ва Сафири Фавқуолда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко В.А., намояндагони палатаи савдои Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ - Хан Пэк Ҳӣ, Комисари олии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба аққалиятҳои миллӣ Қайрат Абдурахманов, наберагони Ҳоҷи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ - Мир Муҳаммад Набии Яқубӣ, Хонума Хадичаи Хуҷандӣ, Ректори Донишогоҳи давлатии геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе - Панов Ю., Додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, намояндагони соҳаи саноату савдои Федератсияи Русия – Коренков А.  ва дигарон ташриф оварданд.      

Аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ТВ “Диёр”, 7-ситора, ТВ “Азия”, Шабакаи - 1, ТВ “Баҳористон” доир ба фаъолияти муассиса мусоҳиба доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хабарнигорони ТВ Суғд, Сафина, СМ-1, Азия гузоришҳо аз фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омода ва пахш гардид. 

Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ, тақвият бахшидан ба ҷараёни корҳои лоиҳавии иншоотҳои сохташавандаи “Қаълаи Хуҷанд” корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Китобхонаи илмии маҷмаа фаъолияти пурсамар дошта, бо ҳамкории шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташкил ва баргузории вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳо саҳм гузошта, ба сомонаи маҷмаа хабарҳои тозаи фарҳангӣ-таърихиро ворид менамояд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, дар ин давра баҳри ободонӣ 35 ҳазору 200 дона пиёзакҳои гули лола, 300 бех гулкарам, зиёда аз 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ аз қабилӣ виола, петуня, тагес ва салвия. 340 адад дарахтони сояафкану мевадиҳанда, аз қабили павловния, сафедор, санавбар, бодом, зардолу, нок, себ, хурмо, биҳӣ ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуданд. Дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мунтазам бо маьлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард карда шуда истодааст.

Ҷӯи Раззоқи ҳудуди боғ ва фаввораҳо бо пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, партовқуттиҳои корношоями пластикӣ иваз карда шуданд. Қуббачаҳои панҷараи иҳотавии ҳудуди маҷмаа рангубор ва сафед карда шуданд.

Сутунҳои равшанидиҳандаи ҳудуди боғ ва таршерҳо, нишастгоҳҳо рангубор карда шуда, шиору овезаҳои ҳудуди боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ иваз карда шуданд.

Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. 

Нодира Олимова

ҷонишини омир

оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲИСОБОТИ фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top