Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ХАРИДОРИИ АСБОБҲОИ МИЛЛӢ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Маъруфхоҷа Баҳодуров (1922-1997)-Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1947) дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Санъати сарояндагиро аз падараш Баҳодурхоҷа ва бобояш Олимхоҷа омӯхтааст.

Бештар ба сабки сарояндагии Содирхони Ҳофиз майл дошта, муттасил нозукиҳои ин ҳунарро аз мероси гаронбаҳои ӯ меомӯхт. Баҳодуров муаллифи суродҳои «Дилбари ҷонони ман» (шеъри Ҳофиз), «Эй дил хомӯш шав» (шеъри Лоҳутӣ), «Фидои ту» (шеъри Бедил), «Тасаддуқ»(шеъри Машраб), «Ороми ҷон» (шеъри Камоли Хуҷандӣ) ва чандин таронаҳои дигар аст. Ӯ ҳамчун сарояндаи сурудҳои касбии халқӣ дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ шӯҳрати хоса дорад. Ба осори мусиқии Содирхон руҳия ва ифодаи тоза бахшида, таронаҳои «Шаҳноз», «Шаҳнози Содирхон», «Чапандози Содирхон», «Гулёр», «Гулёри Содирхон», «Ушшоқ», «Чоргоҳ», «Дугоҳ», «Ироқ», «Нимчӯпонӣ» ва ғайраро бо маҳорати баланди сарояндагӣ иҷро намудааст. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) ва Даҳаи санъати Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (Тошканд, 1944). Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Ба наздикӣ ба осорхонаи таърихии вилояти Суғд якчанд адад асбобҳои мусиқӣ ва сару либоси ҳофиз аз ҷониби пайвандон ва шогирдонашон дастрас гардид. Маъмурияти осорхона бо мақсади арҷгузорӣ ва қадри хизматҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров дар ҷодаи рушди санъати мусиқии миллии тоҷик ва ғанигардонии маъхази осорхона он ашёҳоро харидорӣ намуд.

ТАНБӮР- як навъи сози тории мусиқии миллӣ маҳсуб меёбад. Бо ин танбӯр ҳофизи шинохта солҳои тӯлонӣ сурудҳои классикиро сароидааст ва сипас ба шогирдаш Тоҳиров Тоҳирхӯҷа тӯҳфа кардааст. 

Инчунин Маъруфхоҷа Баҳодуров дар баробари сароидан ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ-танбӯр, дутор, сетор машғул мешуд. Ин дутор маҳсули дастони ҳофиз аст.

Бойматов М.-омири осорхона мегӯяд, ки ин асбобҳои мусиқӣ маҳсули дастони ҳофизи машҳур Маъруфхоҷа Баҳодуров мебошад. Ин асбобҳо барои ташкил намудани намоиши экспозитсионӣ зарурият дорад. Дар оянда мо боз либосҳои ин ҳофизи машҳурро ҷамъ намуда, фонди осорхонаро пурра менамоем. Ӯ ҳақиқатан дар ҷодаи санъати мусиқии тоҷик саҳми арзанда гузоштааст ва гирд овардани маводҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти осори ӯ ҷоиз аст.


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХАРИДОРИИ АСБОБҲОИ МИЛЛӢ
Scroll to Top