Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чиллаи тобистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тоҷикистон кишвари офтобрӯя аст, ки аз ин рӯ ҳаво дар фасли тобистон пайваста гарму тафсон мешавад. Гарму нарм будани ҳаво аз як ҷиҳат хуб бошад, аз ҷониби дигар боиси нороҳатии кас шуда метавонад. Шуои офтоб агар сахт ба одам расад, метавонад боиси сар задани як қатор бемориҳо шавад. Аз ин рӯ, донистани усулҳои аз гармӣ эмин нигоҳ доштани ҳар кас зарур аст. Чунки моҳи июл аз ҳама гармтарини фасли тобистон ба шумор меравад. Маъмулан ҳарорати ҳаво дар ин моҳ аз нишондоди хадамоти ҳавосанҷҳо эҳтимолан то 40-45с дараҷа мерасад. Шояд, дар овони наврасӣ аз гузаштагони худ дар бораи чиллаи тобистон ё зимистон нақлҳои ҷолиб шунидаем. Аз ҷумла мегуфтанд ,ки пеш аз чилла ҳилла мешавад, баъд аз он чилла медарояд ва баъди чилла боз ҳиллаи зимистон сар мешавад.

Дар ҳақиқат, имрӯз вақти аз касе ”Чилла чист?” гӯён мепурсем ҷавоби дурусу саҳеҳ гирифта наметавонем. Аксари мардум ба таври аниқ намедонанд, ки чӣ вақт чилла медарояду он кай мебарояд. Вақте ки ҳаво каме хунук мешавад, баъд касон асли онро надониста мегӯянд, ки чилла даромад. Дар асоси солшумории ниёгонамон, яъне дар асоси солшумории ҳиҷрии шамсӣ эътидоли баҳоронаю тобистона ва тирамоҳию зимистона ба назар гирифта мешаванд. Чиллаи тобистон мисли чиллаи зимистон ҳисоб мешавад. Он 40 рӯзи мобайни фасли тобистон аст. Фасли тобистон тибқи солшумории гузаштагонамон аз рӯзи дарозтарини сол, яъне аз санаи 22-юми июн шуруъ мешаваду то санаи 22 ё 23-юми сентябр идома меёбад. Одатан дар байни халқ ду фаслро дорои чилла меҳисобанд, яъне чиллаи тобистон ва чиллаи зимистон. Агар мо гардиши офтоб, эътидоли баҳоронаю тирамоҳӣ ва саршавии рӯзи дарозтарину шаби дарозтаринро дониста гирем, пас фаҳмидани рӯзҳои чилла осон мешавад. Ин як формулаи осони оддӣ аст, ки ба хотири доштани он осон мебошад. Санаи 20 ё 21-уми март шабу рӯз баробар мешавад, ки ин оғози фасли баҳор аст. Санаи 22-июн бошад рӯзи дарозтарини сол мешавад, ки он оғози моҳи саратон ва саршавии тобистон ба шумор меравад. Санаи 22-июн то моҳи сентябр бошад ,эътидоли тобистонаи офтоб мешавад, боз шабу рӯз баробар мегардад, ки он оғози фасли тирамоҳ аст. Санаи 22-юми декабр бошад, шаби дарозтарини сол медарояд, ки онро оғозшавии фасли зимистон ҳисоб мекунанд.

   Гуфтан ба маврид аст, ки чиллаи тобистон ин фосилаи чилрӯзаи тобистон, ки айёми гармтарини фасли тобистон мебошад.

Агар ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем,маънои чилла гуногунанд. Ба монанди муддати чил рӯзи баъд аз таваллуд барои зан ва кӯдаки навзод, чил рӯзи навхонадорон баъди арӯсӣ, дигаре муддати чил рӯзе, ки дарвешон гӯшанишинӣ мекунанд ва ба тоату ибодат машғул мешаванд. Яъне, чилла нишастан, чилрӯз гӯшанишин будан ва ибодат кардан аз мардум канораҷӯи кардан  ё худ чил рӯз баъди вафоти шахсе, ки дар ин рӯз барои талаби омӯрзиши ӯ маросиме барпо мекунанд, дар бар мегирад.

Фасли моҳи тобистон, ки офтоби гарм ба авҷ расида ҳаворо тоқатфарсо месозад, аз пай як қатор мушкилиҳои вобаста ба тандурустии инсон оварда мерасонад. Яъне дар ин фасли тобистон фаъолияти рагҳои хунгард, сактаи дил, фишори баландӣ  низ аз таъсири гармӣ номуътадил мегардад. Дар ин радифи фасли моҳи тобистон, ки гармӣ ҳукмфармост, табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ ва эмин мондан аз офтоб аз соати 10:00 то 17:00-и рӯз берун нарафтан ва дар мавридҳои зарурӣ муҳофизат кардани сар бо чатр муҳим мебошад. Дар урфият нагуфтаанд ”Эҳтиёт-нисфи ҳаёт”, бояд дар кадом ҳолате набошад саломатиро эҳтиёт кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧиллаи тобистон
Scroll to Top