Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хонаи гилин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон назар афканем, аз ҷумла кишвари Тоҷикистон мардуми гузаштагони ниёгонамон бо тарзи хиштрезӣ ё кулуларезӣ бо коҳгил хона мепӯшиданд. Сохтмони ин навъ хонаи гилин камхарҷ ва баръакси хонаҳои бетонӣ муносиб барои муҳити зист медонанд.

Маҳсулоти сохмонии гилин дар кишвар хело зиёд ва барои пӯшидани манзил вуҷуд дорад. Бояд донист, ки кадом навъи хок зарур аст, вале дар умум хоки хубро дар ҳамаҷо пайдо кард. Дар замонҳои пеш дар ҳама ҷойҳои кишвар мардум, асосан хонаҳои гилинро тариқи ҳашар месохтанд. Аксарияти мардум аз хоки зардранг барои рехтани хишти гилин бисёр мувофиқ будааст, истифода мебурданд. Мардумони дурандеш барои рехтани хишти гилин хокро бо коҳи майда кардашуда омехта мекарданд, то ки ба осонӣ шикаста нашавад. Инчунин андовааш  ҳатто бо забони халқӣ ”Панҷакаш” мегӯянд, бо омехтаи коҳу гил ба анҷом расонида мешуд. Тамоми хиштҳои гилини ин деворҳои хонаро мардумон бо даст месохтанду мерехтанд. Дақиқ аст, ки хонаҳо на камтар аз 100 сол побарҷой мемонд. Агар дуруст таъмир шавад, ҳатман боз 100 соли дигар хоҳад монд. Гузаштагони мо мегуфтанд, ки зиндагӣ дар хонаи гилин бисёр хуб аст. Дар зимистон гарм, тобистон бошад салқин аст. Барои ҳамин зиндагӣ дар хонаи гилин хуб будааст. Агар ба олами парандагон назар афканем, фароштурукҳо садҳо сол лонаи худро аз гил, яъне лой омода месозанд, ки қулай ва осон будааст.

Бале, ба ин хотир нақши сохтмони меъморӣ ва таърихии манзили хонаҳои гилин, ба монанди хонаи калон(меҳмонхона), даҳлез, хонаимайда (бачагона), оштонхона ва анбори захираи маводҳои хӯрока дар Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз таърихӣ тамаддуни  гузаштагон дарак медиҳад, сохта ба истифода дода шудааст, ки бинанда мафтуни хонаи гилин мегардад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХонаи гилин
Scroll to Top