Кати кандакорӣ, яке аз маҳсули ҳунарҳои қадимии Шарқ буда, дар минтақаҳои кишвари Тоҷикистон рушд ёфтааст. Усули кандакорӣ коркарди бадеии чӯб, санг, гаҷ, гил ва ғайра, ки бо роҳи кандану бурида гирифтан иҷро мегардад. Яке аз маъмултарин ва қадимтарин амали санъати меъморӣ ба шумор меравад. Ҳунармандони маҳаллӣ ва касбӣ, асосан чӯбро аз дарахтони арча, чинор, тут ва чормағз ба кор бурда аз онҳо ашёҳои рӯзгор коса, табақ, қошуқ ва инчунин кати чӯбин ва ғайра месозанд. Бояд гуфт, ки ҳунари санъати муосири кандакории чӯбии тоҷикон таърихӣ ҳазорсола дошта дар ду самт инкишоф ёфтааст: мардумӣ ва касбӣ. Ҳунармандони миллии халқи тоҷик ин ҳарду анъанаҳои асримиёнагиро ҳамчун санъати ороишӣ идома бахшида истоданд, ки имрӯзҳо дар ҷойҳои маърифатию фароғатӣ, чойхонаю ошхонаҳои миллӣ ва дар саҳнаҳои ҳавлии барҳавои зиндагии рӯзмарраи хонадони тоҷикон намунаҳои катҳои кандакорӣ дидан мумкин аст.
Инчунин, дар Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”,маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик якчанд катҳои кандакории аз чӯб сохташуда дар гирду атрофи ҳавзи гулоби зери сояи дарахтони бед гузошта шуданд, ки ба як ҷойи нишасти фароғативу истироҳатӣ табдил ёфтааст. Меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ баъди боздиди хона-музей ба кӯрпачаи махмалини болои кати қадимаи кандакорӣ нишаста дар даст пиёлаи чой ба хотираи нек аксбардорӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки санъати пардозу ороишии кандакорӣ на фақат дар хона-музей, балки дар саҳнаи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, айвонҳои барҳавои сутунҳояш аз ҷониби ҳунармандони касбӣ аз чӯб кандакоршуда, ки аз таърихӣ эҳёи суннати ҳунармандони мардуми халқи тоҷик дарак медиҳад, ҷалби сайёҳони хориҷиро ба риштаи андеша мекашад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.