Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маданияти сайру гашт

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сайру гашт ва истироҳат як ҷузъи маданият буда, дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешавад. Ҳар як оилаи хушбахт дар баробари кору фаъолият барои сайру гашт ва истироҳат низ бояд вақт ҷудо намояд. Истироҳат, сайру гашт дар ҳавои кушод ба инсон руҳи тоза ва қуввати ҷисмониву маънавӣ мебахшад. Ба шарте ки онро дурусту оқилона ташкил кунад. Ба ин хотир ташкилу тақсими мулоҳизакоронаи реҷаи вақт дар оила мақоми басо муҳим дорад.

Албатта, фароғату истироҳат бо хароҷоти иловагӣ алоқамандӣ дорад. Бо сарфи назар дар гулгашту боғу хиёбонҳо сайру гашт кардан ҳам истироҳат аст. Бахусус, шомгоҳон мардуму меҳмонони Хуҷандшаҳр аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” истироҳат ва сайру гашт мекунанд, ки сарфу харҷӣ зиёдро талаб намекунад. Истироҳат худ мафҳумест, ки маънои васеъ дорад. Оромона суҳбат кардан, тариқи телефонӣ мобилӣ муошират намудан ва ё хондани китоби бадеӣ ҳам истироҳат аст. Дигаре, бошад барои истироҳат ва муолиҷа дар истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо аз тарафи ташкилоту муассисаҳо аз хазинаи ҷамъиятӣ бо нархи арзон роҳхат(путёвка) медиҳанд. Барои чунин истироҳатӣ мақсаднок ҳатман пасандози оилавӣ зарур аст. Ба чунин истироҳатӣ мақсаднок баъзан тамоми аъзоёни оила сафарбар мешаванд. Ҳар як сафар ё истироҳат берун аз маҳалли зист ба инсон як ҷаҳон таассурот ва хотироти нек мебахшад. Ҳар гоҳе онро ба хотир овардан ва ба касе нақл кардан ҳам инсонро шоду масрур менамояд.

Албатта, тамошои  осорхонаҳои таърихӣ, ҷойҳои муқаддас  ба инсон як ҷаҳон ҳаловат бахшида, донишу маданияти ҷаҳонбиниашро афзун мегардонад ва бо фарҳангу анъанаҳои мардум ошно гардида дӯстони нав пайдо мекунад. Инчунин, ҳар як оилаи солим баъд аз як ҳафтаи меҳнатии пурсамар метавонад, рӯзи истироҳатӣ худро бофароғат гузаронад. Ғайр аз ин рӯзҳои истироҳатро барои дидорбинии калонсолон, айёдати беморон, хешу пайвандон ва ёру дӯстон истифода барад. Барои сайру гашт ва меҳмони рафтан фарҳангӣ либоспӯширо фаромӯш набояд кард. Либос бояд чунон интихоб намуд, ки ба инсон шинам ва зебанда бошад, чунки ҳусни инсон дар ҳусни табии вай вобастагӣ дорад. Дар ҳолати сайру гашт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғи фарҳангию хиёбонҳо қоидаҳои худро дорад, ки иҷро намудани онҳо нишонаи маданият, одоб ва бофарҳангии инсонро нишон медиҳад.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд сахт хандид ва бо овози баланд тариқи телефони мобилӣ суҳбат кард. Баъзе инсонҳо дар ҳолати роҳгаштан ба инсонҳои роҳгузар чашм ало мекунанд, ки ин аз рӯйи одамгарӣ нест. Баръакс, инсон дар вақти сайру гашт рӯ ба рӯйе бо ашхоси ношинос дучор меояд, ҳатман салом  кунад ё бо шиносе вомехӯрад суханро дароз накунад. Ҳангоми суҳбат худро ба канори роҳ гирад, то ки ба ҳаракати дигарон халал нарасонад. Дигаре бошад, баъзе ашхосон дар ҳолати сайру гашт маводи хӯрданиро роҳи равон истеъмол мекунанд, ки роҳравон хӯрдан аз  рӯи одоби таомхӯрӣ нест.

Пас, фарҳангӣ маданияти одоби сайру гаштро аз айёмӣ кӯдакӣ ба хурдсолон дар муҳити оила бо хислатҳои беҳтарин таълим диҳем, то ки дар замири худ парварида ба воя  бирасанд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМаданияти сайру гашт
Scroll to Top