Шаршараро дар истилоҳи забони тоҷикӣ шарра, шора, обшор, ҷойи рост аз боло ба поён рехтани об, обшорон аз зинаи баланди маҷрои ба поён рехтани обро мегӯянд. Ё худ оберо, ки аз чандин зинаи ба ҳамназдик мефарояд, қаторшаршара меноманд. Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки чунин шаршараҳои азим дар табиати кишвари Тоҷикистони офтобрӯя кам нестанд, ба монанди шаршараҳои дараи Варзоб, Қалъаи хум баландиашон зиёда аз 70 метр ё Искандаркӯл аз баландии 30 метр бо суръати баланд мерезад.
Чунин намуд таркиби асосии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-ро шаршараҳо зеб медиҳанд. Бояд гуфт, ки чунин шаршараҳои кучаки сунъии обшор бо рехтани об аз баландии 9 метр дар ҳолати бархӯрдан ба сангҳои чидабаромада, се адад дар масофаи 150 метр пайи ҳам тӯл кашида шудааст, бо садои баланди шаршара дили инсонро мафтун мекунад. Чунин лаҳзаи резиши форами об тамошобинро ба дараи шаршараи афсонавӣ бемайлон мекашад ва ба хастагии инсон фароғат мебахшад.
Қобили зикр аст, ки барои бунёд намудани чунин шаршараҳои сунъӣ дар боғи фароғатӣ, мутахассисони маҳаллӣ аз сангҳои калони рангашон сурх, сиёҳ, сафедтоб аз ноҳияи Ашту шаҳраки Адрасмон овардашуда истифода бурда шудаанд.
Дар ҳақиқат шомгоҳон мардумони зиёд ва сайёҳони хориҷӣ аз боғи фароғатӣ гаштугузор мекунанд, шаршара бо садои дилангезаш ва ҷароғакони рангорангаш ҳусни боғро дигаргун месозад, ки як ҷузъи таркиби зебогии табиатро инсон эҳсос мекунад. Аҷаб кайфияте дорад, дар урфият мегӯянд ”Шунидан кай бувад монанди дидан”, ки ба инсон як ҷаҳон фараҳ мебахшад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод – Маркази иттилоот