Имрӯз дар ҳошияи сафарӣ корӣ Додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Ҷаъфарӣ Мунтазирӣ,сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар ҳайати як гурӯҳ меҳмонон бо ҳадафӣ дидорбинӣ аз зиёрати мақбараи рамзии Хоҷа-Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд.
Меҳмонони олиқадрро муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар намояндагони расмӣ ҳамраҳӣ намуданд.
Зимни мулоқоти дидорбинӣ меҳмонони олиқадр аз муҷассамаи Шайх Камоли Хуҷандӣ ва сипас аз мақбараи рамзии Хоҷа Камол дидан намуданд.
Баъди ошноӣ бо онҳо меҳмонон аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз ҳуҷраи тадрисгоҳ бо асарҳои безаволи классикон ва инчунин аз нусхаи асарҳои чопии Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Баъдан, дар пешайвони боғи истироҳатии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ меҳмонони олиқадр сари як пиёла чой бо пайгирии робитаи дӯстии байни ду кишвари бародари ҳамзабону ҳамфарҳанг ёдоварӣ карда шуд. Дар раванди ошноӣ аз ҷониби шоири мумтоз Баҳроми Раҳматзод шеъру ғазалҳо қироат карда шуд, ки табиати ҳамагонро болидахотир гардонид.
Дар фарҷоми мулоқоти самимӣ ба меҳмонони олиқадр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот