Санаи 8-уми июни соли 2023 дар доираи сафари кории худ як гурӯҳ меҳмонон намояндагони соҳаи саноату савдо аз Федератсияи Русия бо роҳбарии Коренков ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ташриф оварданд. Меҳмононро Омири кулли “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И. пешвоз гирифтанд. Баъд аз пешвоз гирифтан аз тарафи роҳбалади осорхона муаллима Мирзоева И ба меҳмонон сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз таъриху фарҳанги қадимаи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон баъд аз дидани осорхона ба таъриху фарҳанги пурғановати шаҳри Хуҷанд баҳои баланд дода, таъсуроти худро ба китоби фахрии осорхона чунин иброз намуданд.
“От Департамента металургии и материалов Минпромторга России желаю развития и процветание Таджикистану всем жителям”.
С глубоким уважением!
Баротова М – китобдори калони Муассиса