Бо як ҳузури хушнудист,ки аз дар диёри сарзамини тоҷикон меҳмонону сайёҳони хориҷӣ минҷумла, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хучандии Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” ташриф мефармоянд. Басо рамзист, ки имрӯз наберагони Ҳочӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ аз мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ бо дуои хайр, Мир Муҳаммад Набии Яқубӣ ва Хонум Хадичаи Хуҷандӣ зиёрат намуданд. Сипас, аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, гӯшаи намоиши китобҳои Хоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Аз нусхаи асарҳои маҷмуаи китобҳои гузаштаи бобояшон ошноӣ пайдо намуданд, ки он бо мақсади тарғиби илму дониш, дӯстию рафоқат, одоби сухангуйи ва ғайра пеш гирифта шудааст аз наздик шинос шудаанд. Баъдан аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, ҳуҷраи захираи ғизоҳо, дастгоҳи аслии адрасбофӣ ва боғи истироҳатӣ ошно гардида бо аксҳои хотиравӣ ба худ бардошт намуданд.