Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Озмуни “Ҳунар омӯз”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунар сармояи гаронбаҳоест, ки онро бо ягон сарват, мол ва симу зар иваз карда намешавад. Ҳунар инсонро обрӯманд ва иззатманд мегардонад. Инсони ҳунарманд дар ҳама давру замон ҳамеша дастболост. Заҳмату кори ҳунар инсонро номдор, олиҳиммат ва дар зиндагӣ шуҳратёр мегардонад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш мушкилие дорад. Инсони ҳунарманд ранҷ мекашад ва гоҳо дилгир  мешавад. Лек, кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунар омӯзанд.

Ба ин хотир, дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, бо ташаббуси Сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ фестивали вилоятӣ озмуни таҳти унвони “Ҳунар омӯз” баргузор гардид.

Дар ин чорабини ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом,  Исфара, Ҷ.Расулов, Деваштич, Б.Гафуров, Ашт, Мастчоҳ ва Спитамент  иштирок варзида заҳмати ҳунарҳои хешро ба намоиш гузоштанд. Бояд гуфт, баъди шиносоӣ аъзоёни ҳакамон аз ҳунарҳои пешкашгардидаи ҳунармандон натиҷабардорӣ намуда барои даври ниҳоӣ баҳогузорӣ карда шуд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии ”Кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ” Мадиев Ҳомидулло ҳунарманди кандакор аз ноҳияи Ҷ.Расулов бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари мардумӣ ”Читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ ва попурӣ ”Абдураҳмонова Мавлуда ҳунарманди зардӯст аз шаҳри Панҷакент бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари мардумӣ ”Гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” Обидов Илҳом ҳунарманди гаҷкор аз шаҳри Конибодом бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин ба иштирокчиёни фаъолӣ озмуни вилоятӣ ”Ҳунар омӯз.” Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, барои дар сатҳи баланд ташкил намудан бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.

Тошматова Тахмина – роҳбалади

Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООзмуни “Ҳунар омӯз”
Scroll to Top