Зимни боздиди Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» маъмурияти муассиса якчанд дастуру супоришҳо гирифтанд ва ҷиҳати иҷрои онҳо шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар рафти он аҳли меҳнат ба гурӯҳҳо тақсим шуда, панҷараҳои боғ ва таршерҳоро шустанд, хазонҳои ҳудуди боғ ва ҷӯи Раззоқро тоза карданд, алаф ва хору буттаҳои худрӯйи девори ҳудуди Қалъаи Хуҷандро решакан намуданд. Кормандон ҳамчунин дар ободонии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ низ саҳм гузоштанд. Баъди иҷрои корҳои барзиммадошта аҳли ҷомеаи меҳнатӣ мондагии худро дар сари дастархон бо чойи кабуд ва оши палави тоҷикӣ бароварданд.