Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола рӯзи якуми июн дар саросари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун ”Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мегардад.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори волидайн мебошанд, зеро ки кӯдак дар ҳар оила хушбахтиву умеди нек меорад.

Бахшида ба ин “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” чорабинии тантанавии идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар радифи ҳамбастагӣ бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фаровон-1” ва Бонки Имон-интернешнл баргузор гардид. Дар  чорабинии мазкур аз ҷониби ташаббускорон аксияи хайриявӣ, автопоезди қатораи бачагонаи сайри боғ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, шоу-консертҳо ва маъракаҳои бозиҳои шавқовар бо қаҳрамонҳои афсонавӣ ташкил карда шуд, ки то дер идома ёфт. Бояд гуфт, ки дар фарҷоми чорабинӣ, баҳри болидахотирии кӯдакон аз тарафи масъулин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки рӯзи дуюм бо дастгирӣ дар якҷоягӣ бо сарпарастии ташкилоти ҷамъиятии “Манбаи меҳр”-и вилояти Суғд, барои кӯдакони имконияташон маҳдуди кӯдакистони№26-шаҳри Хуҷанд, барномаи идона ташкил карда шуд. Дар барномаи чорабини сайру гашти Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бо автопоезди қатораи бачагона ва гузаронидани лаҳзаҳои чойнӯшӣ ба монанди нӯшокиҳои ташнашикан, яхмосу хуришҳои ширинӣ дар назар буд, омода ва муҳайё карда шуд. Инчунин дар қисмати барномаи мазкур лаҳзаҳои расмкашӣ ва бозиҳои шавқовар аз ҷониби мутахассисон гузаронида шуд.  Бояд гуфт, ки ғамхорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҳамеша дар мадди давлату ҳукумат қарор дорад. Бо вуҷуди ин ҳанӯз дар ҷомеа теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд. Бо чунин назардошт аз ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳбину парасторӣ, ҳифзи саломатӣ, беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳо андешида шудаанд.

Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки беҳтарин хислатҳои инсондӯстӣ, дар ин рӯзи иди кӯдакон дидани ҷеҳраи хандону шодии беғашу табассуми онҳо мебошад. Зеро ки кӯдакон новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, ҷинс, забон, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо  баробарҳуқуқанд, чунки ояндаи кишвари Тоҷикистони азиз аз ҳастии кӯдакон дониста мешавад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Scroll to Top