Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивали атласу адрас

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз рукнҳои давлату миллати тоҷик ин эҳё нигоҳ доштани либоси миллӣ мебошад. Аслан ба бар кардани либоси миллӣ симои зоҳирии тоҷиконаро бисёр зебо нишон медиҳад.

Чорабинии фестивали атласу адрас - озмуни  шаҳри Хуҷанд, дар Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”  баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо мақсади ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои адрасу атлас, тарғиби сарулибос аз матои табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои милии дӯзандагӣ  аз чаҳор номинатсияи намоиш ба мисли дӯхти атлас, расмӣ, арӯсу домод ва либоси идона, ки ба феҳристи либосҳои миллии давлати тоҷикон дохиланд ба маърази тамошобин гузоштанд.   

Гуфтан ба маврид аст, ки дар рафти баргузории Фестивали мазкур саҳначаҳои ҷолиб аз тарафи кӯдакони муассисаи томактаби бо ҳунари волои сарояндагию раққосагӣ таронаҳои ҷолиб қироат карда шуд.

Хушнудист, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо зиёд гардида истодааст.  Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд  дошт. Бешак, либоси атласу адрас  ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад.

 Ин гулдухтарони атласпӯш, ки дар чорабинии озмуни шаҳри иштирок намуда, чун фариштаеро мемонанд, ки бо рангу тобиши муҷалло зери ин навоҳои нозук ба ҷилва меоянд.

 Фестивал дар ду давр баргузор  гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳрӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад. Дар давраи дуюм иштирокчиёне, ки дар даври аввал ғолиб дониста шудаанд, иштирок меварзанд. Аз ҷониби аъзоёни ҳакамон хулосабардорӣ намуда ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда шуд. Иштирокчии озмун Ахмедова Азизахон соҳиби шоҳҷоиза шуд. Дар номинатсияи идона ҷойи аввал Тоҳирова Мавлуда аз факултаи санъати тасвири ва ҳунарҳои халкӣ. Ҷойи дуюм Қаюмова Зебунисо бо либоси худдӯхта. Ҷойи сеюм Дадобоева Дилафрӯз. Инчунин номинатсияи расмӣ, ҷойи якум Донишгоҳи политехники ба номи М.Осимӣ. Ҷойи дуюм Пулотова Мафтуна ва ҷойи сеюм Ахмедова Азиза. Дар номинатсияи арӯсу домодӣ ҷойи якум Дадобоева Дилафрӯз, ҷойи дуюм Ниёзова Матлуба ва ҷойи сеюм Дадобоева Дилафрӯз сазовор гардиданд. Инчунин дар номинатсияи кӯдакон бошад, ҷойи якум кӯдакистони№25, ҷойи дуюм№18 ва ҷойи сеюм кӯдакистони №33 сазовор дониста шуд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивали атласу адрас
Scroll to Top