Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китобҳои нашркардаи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Фонди Осорхонаи таърихи вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар таърихи илму фарҳанг ва муҳити маънавии ҷомеа бунёду фаъолияти осорхонаҳо аҳаммияти калони назариявию илмӣ-амалӣ дорад.

Нигаҳдорӣ ва манзур сохтани махзани ёдгориҳои пурарзиши ниёгон вазифаи пурмасъули осорхонаҳо мебошад. Илми таърихнигории ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки дарёфти оддитарин олоти меҳнат, васоити рӯзгор ва ё як ҷумла осори хаттӣ метавонад дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ дигаргунии куллӣ ворид намояд. Аз ин рӯ, наздик як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мероси барҷомондаи аҷдодонро бешикасту рехт ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.

Дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои машҳури сиёсӣ-маъмурӣ мадании кишвар маҳсуб меёфт, ки дар он вақт олимону донишмандон, шоирону нависандагон, ихтироъкорону тоҷирон, ба монанди Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Тошхӯҷа Асирӣ, Яқубҷони Фаранг, Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, Мирзохоҷа Собиров (Ҳоҷӣ Атиқа), С. Марофиев ва ғ. умр ба сар мебурданд. Маҳз ҳамин олимону донишмандон, шоирону нависандагон, ихтироъкорону тоҷирон, олимони кишваршинос барои таъсис додани аввалин осорхона хидматҳои бузург кардаанд.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз нахустин осорхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, соли 1926 дар бинои масҷиди Шайх Маслаҳатдин таъсис ёфтааст.

Бинобар ноором гардидани вазъи ҷумҳурӣ, алалхусус шаҳри Хуҷанд осорхона якчанд маротиба ба дигар ҷойҳо кӯчонида шуд. Аввалҳо осорхона аз масҷиди Шайх Маслаҳатдин ба куҳандизи шаҳр, ки онро қисми ҳарбӣ тарк карда буд, кӯчонида шуд. Аммо ба сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ охирҳои соли 1991 ва дубора ҷойгир кардани қувваҳои мусаллаҳ осорхона таъҷилан ба мавзеи Панҷшанбе, ба бинои собиқ тарабхона (маркази савдои ҳозира Абдулазиз) интиқол ёфт.

Дар ин мавзеъ, осорхона то соли 2004 фаъолият намуд. Бинои осорхона  бинобар табдил додани он ба маркази савдо ба биноҳои собиқ фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳр низ кӯч баст.

Соли 2003 бо дастгирии Ҳукумати вилоят барои сохтмони осорхонаи вилоятӣ маблағ ҷудо гардид ва сохтмони бинои нави он оғоз ёфт. Сохтмони бино моҳи августи соли 2006 ба итмом расонида шуд ва туҳфаи муносибе ба ҷашни 15-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

23 августи соли 2006 бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ифтитоҳ гардида ба фаъолият оғоз намуд (2,5). Айни ҳол дар маъхази осорхона зиёда аз 16000 экспонат маҳфуз аст. Аз ин 1500 адад ба толорҳои осорхона ба намоиш гузошта шудааст.

Дар маъхази осорхона китобҳои нодири хаттиву чопи сангӣ низ маҳфуз мебошад, ки теъдоди он зиёда аз 400 ададро ташкил медиҳад ва дар байни онҳо китобҳои нашрнамудаи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ низ мавҷуд аст.

Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ аз машҳуртарин ноширон ва тоҷирони китоб маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар ягон сарчашмаҳо маълумот дар бораи соли таваллуди ин тоҷир маълумот пайдо нагардид. Фақат ҳамин маълум аст, ки дар кӯдакӣ ба китобхонӣ шавқу рағбати бисёр доштаасту аз аҳли фазлу донишу ҳунарварӣ будааст.

Сафарҳои бисёре низ карда ва аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Хӯқанд, Андиҷон, Афғонистон, Яман ва ғ.

Бинобар гуфтаи Назирҷон Турсунов матбааи хусусии худро доштааст.

Чи хеле, ки дар боло қайд кардем, дар байни 400 адад китобҳои нодиру чопи сангӣ зиёда аз 30 адад китобҳое, ки бо эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, ки дар матбааҳои гуногун ба табъ расидааст мавҷуд мебошад. Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ бисёртар китобҳоеро, ки марбут ба забон ва адабиёт аст, ба нашр мерасонид. Азбаски ӯ бисёр сафар мекард, як китобро натанҳо бо забони форсӣ, балки бо якчанд забон ба монанди арабӣ, туркӣ, ӯзбекӣ низ якчанд маротиба дар матбааҳои гуногун нашр мекард. Дар зайл дар бораи китобҳои нашрнамудаи ӯ ки дар маъхази осорхона мавҷуд аст, маълумоти мухтасаре дода мешавад:

«Девон»-и Фузулӣ ва «Лайлӣ ва Маҷнун» таҳти рақами 4478

Асар бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи Маҳмудбек соли 1318 чоп шудааст. Ҷилди китоб бо картони ғафс сохта шуда, рӯи он бо туранҷу сартуранҷ, занҷира, рангҳои сабзу бунафш ва дигар ороишоти зебоибахш музайян гардонида шудааст. Девони Фузулӣ матни асосии китоб ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ матни ҳошияро ташкил медиҳад. Ҳолати зоҳирии китоб хуб, аммо чанд саҳифаи афтода дорад. Андоза 15Х24 см. буда, матн дар ҳар саҳифа 16-17 сатрӣ навишта шудааст. Забони асар ӯзбекӣ мебошад. Китоб шомили 262 ғазал, 2 тарҷеъбанд, 2 тарҷеъбанди мусаддас, 1 мусаддас, 2 мухаммас ва 92 рубоӣ мебошад.

«Девон»-и Фузулӣ ва «Лайлӣ ва Маҷнун» таҳти рақами 4505

Китоби мазкур соли 1318/1900 дар шаҳри Истамбул бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ба табъ расидааст. Тақрибан, матни пешин аст, вале камияту изофат дорад. Девон аз 265 ғазал, 2 тарҷеъбанд, 1 тарҷеъбанди мусаддас, 1 мусаддас, 2 мухаммас ва 64 рубоӣ иборат мебошад. Дар ҳошияи китоб достони «Лайлӣ ва Маҷнун» нигошта шудааст. Девони Фузулӣ бо забони ӯзбекӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бошад, бо забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Андозаи китоб 15,5х24 см. буда, дар ҳар саҳифа 17 сатрӣ матн китобат гардидааст. Муқова рангҳои гуногун дошта, туранҷу сартуранҷ ва ҷадвалҳо музайян шудааст.

«Мантиқ-ут-тайр»-и Аттори Нишопурӣ таҳти рақамҳои   4529/4495/4548

Китоби мазкур бо саъю эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи номии Ориф Афандии Истамбул соли 1318/1900 чоп шудааст. Муқоваи китоб бо ранги ҷигарӣ оро ёфта, асар маҷмӯан 160 саҳифаро дарбар мегирад ва дар ҳар саҳифа 15-16 сатрӣ матн ҷой дорад. Забони асар форсӣ-тоҷикӣ мебошад ва андозаи китоб 15,5х24,5 см. аст. Байни саҳифаҳои 134 – 139 афтодаанд.

«Мантиқ-ут-тайр»-и Аттори Нишопурӣ таҳти рақами 3298

Асар фарогири ҳикоятҳои панду андарзӣ буда, забонаш форсӣ-тоҷикӣ аст. Асари мавриди назар ба тариқи назм иншо шуда, он дар шаҳри Лоҳур бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ба зевари табъ ороста гардид. Китоб аз 288 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Андозаи китоб 13,5х22,5 см. мебошад ва дар ҳар саҳифа 19 сатрӣ матн ҷой дорад. Ранги муқова ҷигарӣ буда, бо туранҷу сартуранҷ ороиш дода шудааст.

«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ      4537

Китоб бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Истамбули Туркия соли 1319/1901 бо забони туркӣ-ӯзбекӣ ба нашр расидааст. Китоби мазкур аз 448 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаву фарсуда надорад. Андозааш 16х27 см. буда, матни он дар ҳар саҳифа 22 сатрӣ дар ду сутунча китобат шудааст. Муқоваи китоби мавриди назар бо картони ғафси ранги зарди паст сохта шуда ва бо туранҷу сартуранҷ ороиш ёфтааст. Ҳолати асар хуб мебошад.

«Маҷмӯа», ки аз якчанд рисола иборат аст, таҳти рақами 4502/I

Китоби мазкур маҷмӯаи осори донишмандонро фаро гирифта, рисолаи аввал «Қиссаи Одилхон» мебошад, ки аз 36 саҳифа иборат буда, пурра аст ва саҳифаҳои фарсудаю дарида надорад. Китоб бо саъю кӯшиши Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи Муншии Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон бо забони форсӣ ба табъ расидааст. Мавзӯи меҳварии он панду андарз буда, ҳикояҳои ахлоқиву тарюбиявиродарбар мегирад. Андозааш 15,5х25 см. мебошад ва матн дар ҳар саҳифа 17 сатрӣ китобат гардидааст.

 «Далла ва Мухтор» таҳти рақами  4502/II

Китоби мазкур аз 35 саҳифа иборат мебошад ва дар матбааи Муншии Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон ба табъ расидааст. Забони он форсӣ-тоҷикӣ буда, бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ интишор ёфтааст. Рисола дар давоми рисолаи қаблӣ ҷойгир шуда, ҳикояҳову достонҳои ахлоқӣ мебошад.

 «Мушу гурба» таҳти рақами   4502/III

Ин рисола нисбат ба дигар рисолаҳои китоб хурд буда, ҳамагӣ 14 саҳифаро дарбар мегирад. Китоби мазкур бо забони форсӣ-тоҷикӣ буда, ҳикояҳои ҷолибро фаро гирифтааст. Муаллифи асар маълум нест.

 «Шоҳзода Баҳром ва малика Гуландом» таҳти рақами   4502/III

Китоб аз тарафи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи Муншии  Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон бо забони форсӣ-тоҷикӣ ба табъ расидааст. Мавзӯи асар ишқ мебошад. Муаллиф, ки мутаассифона маълум нашуд, китобро бо овардани ашъори ошиқона зинат бахшидааст. Китоб дар ҳолати хуб қарор дорад.

«Аҳмади Ҷомӣ» ва «Варақа ва Гулшоҳ» таҳти рақами   4502/IV

Асар аз 128 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда ва нохоно надорад. Китоби мазкур бо расоили пешин дар як муҷаллад аст ва бо забони форсӣ-тоҷикӣ ба табъ расидааст. Асар дорои ҳошия буда, дар он достони «Варақа ва Гулшоҳ» ба тариқи назм оварда шудааст. Матни саҳифаҳои асосӣ бошад, дорои ҳикояҳову ривоятҳо ва қиссаҳои насрию назмӣ мебошад.

 «Тӯтинома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ  4502/V

«Тӯтинома» низ дар муҷаллади мазкур буда, аз ҷумлаи осори андарзӣ мебошад. Муаллифи он Ҳусайн Воизи Кошифист. Ин китоб бо забони форсӣ ба нашр расида, достонҳои ахлоқиро дарбар мегирад. Умуман асар дар ҳолати хуб қарор дорад.

«Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ таҳти рақами 4325

Девон соли 1324/1906 дар шаҳри Тошканд бо саъю кӯшиши Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ аз нашр баромадааст. Китоб 225 ғазал, 1 соқинома, 11 мухаммас, 2 насҳат, 1 шикоят, 1 таърих ва 3 рубоиро фаро гирифтааст. Он аз 128 саҳифа иборат ва комил аст. Саҳифаҳои афтода надорад, аммо чанд саҳифаи аввал фарсуда шудаанд. Андозаи китоб 16,5х27 см. буда, забонаш форсӣ аст ва матни он дар ҳар саҳифа 17-18 сатрӣ аст. Муқова ранги сабз, туранҷу сартуранҷ ва дигар намуди ороиш низ дорад, вале муқоваи тарафи рӯи китоб фарсуда гаштааст. Ҳолати умумии китоб хуб мебошад.

«Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ таҳти рақами 3199

Китоб бо забони форсӣ нашр гардида, ҳолати хуб дорад, аммо саҳифаҳояш андаке парешонанд. Он бо саъю эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ соли 1327/1909 дар шаҳри Тошканд ба табъ расида, фарогири ғазалиёту рубоиёт ва дигар анвои шеърӣ мебошад. Андозаи китоб 16х26 см. мебошад ва матн дар ҳар саҳифаи он 17 сатрӣ аст. Ранги муқова кабуди баланд буда, бо туранҷу сартуранҷ ва ҷадвалҳову дигар ороиш ёфтааст. 

«Девон»-и Ҳувайдои Чимёнӣ таҳти рақами 4459

Асар маҷмӯаи ғазалҳои Ҳувайдои Чимёнӣ мебошад, ки бо забони ӯзбекӣ нашр шудааст. Китоб аз 161 саҳифа иборат мебошад ва саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Китоб дорои 1 қасида, 101 ғазал ва 8 мухаммас мебошад. Девони мазкур бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Ҳиндустон ба табъ расида, андозааш13,5х23 см. аст. Матни он дар ҳар саҳифа 10 сатрӣ ҷой гирифтааст. Муқоваи китоб бо ранги сурхи оддӣ сохта шудааст.

«Қиссаи Аҳмади Ҷомӣ ва Варқа ва Гулшоҳ» таҳти рақами 4587

Аз 128 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Асар шомили ҳикояҳову достонҳои тарбиявӣ мебошад, ба тариқи насриомехта бо назм мебошад. Китоб бо фармоиши Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Лоҳури Ҳиндустон бо забони форсӣ-тоҷикӣ ба табъ расидааст. Андозааш 15х23,5 см. буда, матн дар ҳар саҳифа 17 сатрӣ бо ҳошиянависӣ ҷой дорад, ки он зоҳиран барои шарҳу тавзеҳ аст. Муқоваи китоб бо ранги кабуд ва бо матои кабуди бо гул ороиш ёфтааст. Китоб дар ҳолати хуб қарор дорад.

«Девон»-и Алишер Навоӣ таҳти рақамҳои 4369/4489

Китоби мазкур соли 1319 бо эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Истамбул нашр гардидааст. Китоб аз 207 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтода надорад, аммо қисмати болоии саҳифаҳои китоб фарсуда шудаанд. Китоб фарогири ашъори гуногуни Алишер Навоӣ буда, дорои 399 ғазал, 2 тарҷеъбанд, 1 соқинома, 6 қитъа, 5 рубоӣ, 1 маснавӣ ва 7 муфрадот мебошад. Забони асар ӯзбекӣ аст. Андозааш 15х24 см. буда, ҳар як саҳифаи он дорои 20 сатр матн аст. Муқоваи китоб картонии кабудранг буда, бо туранҷу сартуранҷ ва занҷира музайян мебошад.

«Сияри туркӣ» таҳти рақами 4384

Забони асар туркӣ буда, ҷумлаҳои арабӣ низ истифода шудааст. Китоб дар бораи зиндагиномаи Пайғамбар (с) мебошад. Андозааш 20х34 см. мебошад ва ҳар як саҳифа 28 сатр аст. Китоби мазкур таснифи Мавлоно Муин буда, бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи Мумбай ба зевари табъ ороста гардидааст. Муқоваи китоб бо картони ғафси оддӣ сохта шудааст.

«Риёз-ун-носеҳин» - и Мавлоно Муҳаммад ибни Шайх Муҳаммади Ҷомӣ таҳти рақами 4555

Китоб аз тарафи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ соли 1317/1899 дар матбааи Муҳаммадии Ҳиндустон нашр гардидааст. Китоб дорои панҷ қисмати асосӣ иборат буда, ҳар як қисмат дорои бобҳову фаслҳо ҷудогонаро фаро мегирад. Масалан, қисми якум аз 4 бобу 15 фасл; қисми дуюм 10 бобу 85 фасл, қисми сеюм 2 бобу 20 фасл, қисми чорум 4 бобу 20 фасл ва қисми панҷум 8 боб, 51 фаслро дарбар гирифтаанд. Китоб аз 403 саҳифа иборат буда, варқаҳои афтода нохоно надорад. Андозааш 20,5х27,5 см. мебошад ва дар ҳар саҳифа 27 сатр дорад. Забони асар форсӣ буда, ҷумлаву ибороти арабӣ низ истифода шудааст. Муқоваи китоб сабз буда, дорои туранҷу сартуранҷ аст.

«Иршод-ут-толибин» таҳти рақами 4640

Китоб аз 400 саҳифа иборат буда, саҳифаи унвонӣ ва аввал аз байн рафтааст. Китоби мазкур дар матбааи номии Ҷалолӣ ибни Сиддиқӣ, ки воқеъ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон аст, ба табъ расидааст. Забони асар форсӣ буда, аз забони арабӣ низ дар зимни он фаровон истифода шудааст. Меҳвари асосии мавзӯи рисола ҳикояҳову пандҳои ахлоқӣ ва масоили динӣ мебошад. Андозааш 17х29 см. буда, ҳар саҳифа дорои 25 сатр аст. Дар китоби мазкур рисолаи дигаре бо номи «Рисолаи Сайдия» ҷой дорад, ки дар мавзӯи сайду шикор намудани ҷонварон мебошад. Рисолаи мазкур соли 1329/1911 бо фармоиши Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Мумбай ба табъ расида, саҳифаҳои афтода надорад. Рисола бо забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда, муқовааш расмисохти картонии оддӣ мебошад.

«Риёз-ун-носеҳин» таҳти рақами 4316

Асар бо саъю эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ соли 1317/1899 дар Истамбули Туркия ба табъ расида, фарогири ҳикоёт, достонҳо ва ривоятҳои мебошад ва аз панҷ фасл иборат аст. Китоби мазкур бо забони форсӣ навишта шуда, пораҳои арабӣ низ дорад. Китоб аз 400 саҳифа иборат аст ва саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Андозааш 18,5х27,5 см. мебошад ва ҳар саҳифа дорои 27 сатр аст. Муқоваи китоб бо матои рангоранг ороиш ёфтааст.

«Нодир-ул-меъроҷ» 4570

Асар бо забони форсӣ-тоҷикӣ буда, пораҳои арабӣ низ дорад. Он соли 1904 бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи Муншии Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон ба табъ расида, 656 саҳифа ва 52 бобро дарбар мегирад. Мавзӯи меҳварии китоб масоили динӣ буда, фарогири ҳикояҳову достонҳо ва ривоятҳои динӣ мебошад. Андозаи китоб 21х33,5 см. мебошад ва ҳар саҳифа дорои 25 сатр аст. Муқоваи китоб аз картони ғафси зардранг сохта шуда ва бо туранҷу сартуранҷ музайян гардидааст.

«Мифтоҳ-ул-ҷинон» таҳти рақами 4356

Забони асар ӯзбекӣ буда, гоҳ-гоҳ аз забони арабӣ, хосса аз аҳодису оёт, ривоятҳову достонҳои ирфонӣ истифода гардидааст. Китоби мавриди назар бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар шаҳри Истамбул ба табъ расида, аз 224 саҳифа иборат мебошад ва саҳифаҳои афтода надорад. Андозааш 15х27 см. мебошад ва ҳар саҳифа дорои 21 сатр аст. Муқова ранги сиёҳ дорад ва бо туранҷу сартуранҷ ва ҷадвалҳои ороишӣ музайян гардидааст.

«Ғиёс-ул-луғот» ва «Мунтахаб-ул-луғот» таҳти рақами 1853/2

Китоб аз дигар нашрҳои асари мавриди назар каме фарқ дорад. Он соли 1912 дар матбааи Муншии Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон бо саъю эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ба табъ расидааст. Китоб ҳаҷман бузург буда, аз 760 саҳифа иборат мебошад. Андозааш 20х32,5 см. буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад ва ҳар саҳифа дорои 33 сатр матн аст. Саҳифаҳои китоб ба 4 сутун тақсимбандӣ шуда, 2 сутунча рисолаи «Ғиёс-ул-луғот» ва 2 сутунча «Мунтахаб-ул-луғот» мебошад. Муқова бо картони ғафси сабзранг сохта шуда, бо туранҷу сартуранҷ ва занҷира музайян гардидааст.

«Шарҳ»- и Ҷомӣ таҳти рақами 4439

Китоб бо забони арабӣ, аз тарафи Мавлавӣ Исомуддини Исфароинӣ, Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, Мулло Акмалхони Мударрис ва Мавлавӣ Юнусхони Хуҷандӣ, соли 1334/1916 дар Тошканд ба табъ расидааст. Китоб асосан масъалаҳои наҳви (грамматикаи) забони арабиро дарбар гирифтааст. Андозааш 25х34,5 буда, аз 392 саҳифа иборат мебошад ва дар китоб саҳифаҳои афтодаю фарсуда дида нашуд. Дар ҳар саҳифа 15 сатр бо ҳамроҳи сеҳошия ҷой дорад. Муқоваи китоб аз байн рафтааст.

«Шарҳ»- и Ҷомӣ таҳти рақами 3847

Китоб соли 1334/1916 бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст. Асар бо забони арабӣ дар илми наҳв мебошад. Дар саҳифаҳои китоб мазкури ҳошиянигорӣ дида шуд, ки дар ҳар сафиҳа се ҳошия китобат гардидааст. Дар ҳошияи китоб баъзе хасоис ва қоидаҳои наҳвӣ навишта шудаанд. Он аз 392 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Андозааш 25х34,5 см. буда, дар ҳар саҳифа 15 сатрӣ матн ҷойгир аст. Муқоваи китоб бо картони сабзранг сохта шуда, бо туранҷу сартуранҷ ва занҷира ороиш ёфтааст.

«Шарҳ»- и Ҷомӣ таҳти рақами 1227

Китоб соли 1300 бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар шаҳри Мумбай ба табъ расида, мавзӯи меҳвариаш илми наҳви забони арабӣ мебошад ва бо забони арабӣ китобат гаштааст. Он аз 392 саҳифа иборат буда, саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Андозааш 24х33,5 см. мебошад. Дар ҳар саҳифаи он 18 сатрӣ матн бо ду ҳошия ҷой дорад. Муаллиф барои тасбити ақволи хеш аз ҳикоятҳову достонҳо ва баъзе аҳодису оёти Қуръон низ истифода бурдааст. Муқова расмисохти картонӣ  буда, бо ранги зарди паст, туранҷу сартуранҷ  ва занҷира ороиш ёфтааст.

 «Кофия» таҳти рақами 4602

Китоби мазкур нашри Мумбай мебошад, ки соли 1328/1910 бо кӯшиши Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ анҷом ёфтааст. Китоб асосан масоили наҳви арабиро дарбар гирифта, забонаш низ арабист. Ҳошия дорад ва дар ҳошия шарҳу тавзеҳот ва тафсироти ҷумлаҳои душворфаҳм бо забони арабӣ меояд. Асар шомили 184 саҳифа мебошад ва саҳифаҳои афтодаю фарсуда надорад. Андозааш 16х24 см. буда, дар ҳар саҳифа 7 сатрӣ матн навишта шуда ва дар байни ҳар сатр тарҷумаи форсии матн низ омадааст. Муқова расмисохти картонии сурхранг сохта шудааст.

«Кофия» таҳти рақами 4616

Китоб бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи номии Маҳмудбеки воқеъ дар Истамбул, соли 1318/1900 ба табъ расида, аз 214 саҳифа иборат мебошад ва саҳифаҳои афтода надорад. Забони асар арабӣ мебошад. Андозааш 17х27 см. буда, дар ҳар саҳифа 9-10 сатрӣ матн ва баъзе саҳифаҳо ҳошия ҳам дорад. Муқоваи китоб расмисохт буда, бо ранги сурхи баланд, туранҷу сартуранҷ ва занҷира оро дода шудааст.

Хулоса, китобҳои нашршудаи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, ки дар Фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад, гуногунжанру мавзӯъ буда, як гӯша аз маърифати пешиниёнро то мо интиқол медиҳанд. Ҳамчунин, он нишонгари он ҳам ҳаст, ки гузаштагони мо нисбат ба китоб ва тақдири ояндагон бетафовут набудаанд.

 Даврон Исобоев - Мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитобҳои нашркардаи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Фонди Осорхонаи таърихи вилояти Суғд
Scroll to Top