Санъати ороиши китоб – яке аз навъхои эҷоди бадеӣ, ороиши дастнависхо мебошад. Ин санъат маҳсули меҳнати дастаҷамъии хушнависон, наққошон, музаҳҳибон, акссозон, афшонгарон, рангомезон, саххофон ва диг. ҳунарварон ба шумор меравад.
Дар меҳнати якҷояи устодони ин ҳунарҳои шево, ки ҳар яке вазифа ва мавқеи хос дошт, пайдарҳамӣ ва ҳамкории муайяне дида мешавад. Дар асрҳои XV-XVI барои китобат бештар аз қоғазҳои аълосифати Самарқанду Бухоро (абрешимӣ ва нимкатонӣ) истифода мешуд. Барои суфтаву ҷилодор шудан қоғазро оҳар медоданд (баъзан барои хушбуй шудани авроқ онро дар маҳлули гулоб нигоҳ медоштанд). Дар тайёр кардани нусхахо хушнавис (хаттот ё котиб) мавқеи аввалиндараҷа дошт. Вай мебоист дар усули хафӣ ва чалӣ маҳорат дошта, камаш бо се навъи хат - насх, настаълик ва сулс хуб менавишт, ки мувофиқан барои китобати сураҳои Қуръон, ҳадисҳо, матнҳои муқаррарӣ, инчунин, барои навиштани унвон ва фаслу бобҳо зарур буд. Асбоби китобати вай сиёҳӣ, қалам, қаламтарош ва қаламқатъ буда, ҳама дар қаламдон нигоҳ дошта мешуданд. Хушнавис дар айни замон сюжетеро интихоб карда, барои мусаввараҳо ҷой мегузошт. Вақте, ки нусха бо хати зебои хушнавис китобат мешуд, вай ба дасти лаввоҳ мегузашт ва ӯ тамоми матнро ба дохили чоркунчае мегирифт, ки он ҷадвал номида шуда, одатан ба хати сурх, баъзан бо рангҳои кабуд ё нилобӣ оро меёфт. Лаввоҳ инчунин сарлавҳа ва унвони нусха, номи фаслу бобҳо, ҳошия ва хотимаи онро меорост. Дар аввали китоб лаввоҳ барои унвон ё сарлавҳа ҷой мегузошт, ки он бештар ба зарҳал ё рангҳои дигар навишта мешуд.
Баъди лаввоҳ мусаввир ё наққош дар ҷойҳои холии асар бо мӯқалами борик аввал шарҳи мусаввараро мекашид, баъд бо ёрии қалами нозук бо зарҳал ва дигар рангҳо мусаввараро ба анҷом мерасонд. Вай инчунин дар ҳошия ҳар гуна расмҳои зебову бо назокати ҳайвоноту паррандаҳо ва набототро мекашид. Ороиши китоб бо кори саҳҳоф ё муқовасоз ба анҷом мерасид. Саҳҳоф нусхаро аввал ҷузъбандӣ мекард, баъд ба он муқова месохт. Қоғази хоссаи муқовасозиро мағзӣ меномиданд. Ба руи мағзӣ чарми хамадонӣ мекашиданд ва онро пеш аз хушк шуданаш нақшбандӣ мекарданд. Ин санъат асрҳои миёна дар натиҷаи инкишофи минбаъдаи чопи китоб, санъати полиграфӣ ва нашри оммавии китобҳо мавқеи худро аз даст дод.
Даврон Исобоев – Мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр