Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

КОНФРОНС ДАР ОСОРХОНА

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

КОНФРОНС ДАР ОСОРХОНА Дар толори намоишии осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Китоб сарчашмаи худшиносӣ» доир гардид.

Дар чорабинӣ олимон, донишҷӯён ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Сароғоз Бойматов М. омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамагонро хайра мақдам намуда, сухани ифтитоҳиро ба омири кулли МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов И.С. доданд. Он кас иштирокдоронро бо рафти чорабинӣ ошно намуда, аз хусуси парчам ва моҳиятҳои он андешаҳояшонро баён намуданд.

КОНФРОНС ДАР ОСОРХОНА «Қалъаи Хуҷанд бо арк (кремл) дар рисолаҳои давраи асрҳои миёна»-чунин унвон дошт баромади доктори илмҳои таърихи ДДҲБСТ, профессор Н.О.Турсунов. «Дар таркиби хоки Хуҷанд тамоми марҳилаҳои таърихӣ ниҳон аст ва аёнӣ бахшидан ба он вазифаи бостоншиносони ҷавон ва наслҳои оянда аст» таъкид намуданд зимни суханронӣ Н.Турсунов.

Мавзӯи асосии чорабинӣ, ки ба китоб нигаронида шуда буд ва Ф.Насриддинов-доктори илмҳои филологии ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров дар хусуси «Китоб ва китобдорӣ омили муҳими худшиносии миллӣ» андешаҳояшонро иброз дошта, аз хусуси китобҳо ва китобхонаҳои нодиру қадима маълумотҳои мушаххаси таърихӣ пешниҳод карданд. Чи тавре ки зикр доштанд Ф.Насриддинов «тоҷикон аз қадимулайём ғайр аз китобхонаҳои маъмулӣ дар чойхонаву корвонсарой ё худ меҳмонхонаҳо низ утоқҳои хосаи истифодаи китобҳоро доштанд, ки ин дорои фарҳанги воло будани ниёгонамонро нишон медиҳад».

Номзади илмҳои филологии ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров Н.Муродӣ дар боби «Сайри сарчашмаҳои адабии форсу тоҷик дар Туркистони шарқӣ» андешаронӣ намуда, аз хусуси робитаҳои адабии шаҳрҳои Қошғар, Хутану Ёрканд ва Хуҷанду Самарқанду Бухоро далелҳои мушаххас оварданд. Дар ҷамъбасти сухан эшон ба ҷавонон дар мавриди таъсиси китобхонаҳои шахсӣ таъкид карда, аз китобҳои тозанашри худ ба маҷмаа тақдим намуданд.

«Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-маъхази сарчашмаҳои хаттӣ» дар ин мавзӯъ А.Аҳадов мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри маҷмаа сухан ронда, оиди китобҳои нодири аз аҳолӣ ҷамъоваригардида тафсири муфассал доданд. Чи тавре ки А.Аҳадов қайд намуданд «ҳоло дар шӯъбаи дастхатҳо наздикии 100 адад китобҳои нодиру арзишманд мавҷуд аст. Алҳол то 200 нусхаи дигар аз аҳолӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар марҳилаи харидоришавист, ки ин бевосита бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ гардида истодааст. Ҳоло дар байни аҳолӣ дастхатҳо ва китобҳои нодир хеле зиёд боқӣ мондааст ва мо сайъ мекунем то онҳоро дар ин маъхази сарчашмаҳои хаттӣ ҷамъ оварем».

Хоҷаева М.-мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири маҷмаа дар бобати «Шарафи миллат ва нишони муқаддаси Ватан»сухан ронда, аз таърихи парчам маълумотҳо пешниҳод намуданд.

 Дар қисмати адабӣ муҳассилини муассисаҳои таълимӣ шеърҳо дар бораи Парчам, Ватан, ватандӯстӣ қироат намуданд ва ин чорабинии таърихӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ идома ёфт.


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКОНФРОНС ДАР ОСОРХОНА
Scroll to Top