Дирӯз бахшида ба ҷашни “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвои “Оинаи таърих” ҷамъбаст гардид.Дар ҷамъбасти озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ,Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат,Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ва фаъолон,аҳли илму адаб,намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф,васоити ахбори омма ва ғолибони озмун иштирок намуданд.
Ёдовар шуд,ки озмун аз рӯи бахшҳои”Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ” ва “Беҳтарин хона-музей” дар се давр баргузор гардид.Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда,осорхонаҳои намунавӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.Дар даври дуюм аз ҳар минтақаи кишвар бо назаодошти нобаробарии шумораи шаҳру ноҳияҳо теъдоди зерини осорхонаҳо пешниҳод гардиданд, аз ҷумла; Вилояти Суғд - 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 3-хона музей, Вилояти Хатлон - 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 2-хона-музей.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ. Дар маҷмуъ 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-музей ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Ҳайати аъзои ҳакамон аз рӯи натиҷабардорӣ осорхонаҳои намунавиро ба даври ниҳоӣ пешкаш намуд. Дар ин озмуни ҷумҳурияии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” бо барномаи рангини фарҳангию мақоми ифтихорӣ дар бахши “Беҳтарин хона-музей”, хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” ҷойи аввалро сазовор гардида бо туҳфаҳои пулӣ қадронӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмуни ҷумҳуриявӣ ин баланд бардоштани нақши осорхонаҳо дар густариши маънавиёти ҷомеа, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-маърифатӣ, тарғиб ва ташвиқи осори таърихӣ ва дастовардҳои осорхона бо тавассути ВАО мебошад. Инчунин ҳифз намудани арзишҳои фарҳангию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷикон ва ба макони ҳақиқии фарҳангию фароғатӣ табдил додани муассисаи таълимӣ мебошад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.