Санаи 18 май бахшида ба ”Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. Дар ифтитоҳ бо сухани табрикотии Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳимчон Иброҳимов ҳамагонро бо ин ҷашни касбӣ табрику муборакбод намуд. Дар ин чорабинии мазкур меҳмонон Бахтиёр Иброҳимович Қосимов - Сардори Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, Абдуқаҳҳорзода Таҳмина - Мудири бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, Қодиров Фотимахон - Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, Исматҷонов Бахтиёр - Раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Ғафуров Абдувосидс- Мудири бахши кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар ин ҷорабинӣ намояндагони мудирони бахши осорхонаҳои шаҳру вилоят, воситаҳои ахбори омма, роҳандозӣ гардиданд. Дар ин чорабинӣ кормандони фаъоли осорхонаҳо бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, аз тарафи Раиси Ҳизби халқи демократӣ дар шаҳри Хуҷанд ба чанд нафар кормандон шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати фарҳангӣ дастаи карнайнавозон қаҳрамонони афсонаҳо меҳмонон ва иштирокчиён аз саҳнаи боғи фарҳангӣ растаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва мусавараҳои коллеҷи санъат ба намоиш гузошта буданд дидан намуданд. Дар ин чорабинӣ намоиши ретро – автомобилҳо низ баргузор гардид, ки дар он автомашинаҳои қадими солҳои истеҳсолиашон гуногун, ба монанди ГАЗ-21, Москвич-406, ГАЗ-24 ва Победа ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дигаре бошад, бо иқдоми некбинона аз тарафи муассисаи мазкур барои истироҳаткунандагон бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо” китобхонаи сайёр ”Гӯшаи хониш” бо ғунҷоиши зиёда аз 100 адад китоб тариқи ройгон пешкаш карда шуд, ки дар оянда ин иқдом идома хоҳад ёфт. Дар маърака барномаи фарҳангӣ дар чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз тарафи дастаи санъати ҳунармандони ДДХ-и шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи кӯҳию металлургии шаҳри Бӯстон аз соати 18:00 то 20:00 бо барномаҳои ҷазобу ҷадид пешкаши меҳмонон гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 6524 нафар, аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ба номи Нуъмон Неъматов ба миқдори 3386 нафар ва аз Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ 900 нафар, дар маҷмӯъ 10810 нафар тамошобин дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин шаби хотирмон аз ҷониби тамошобинони хурду бузург вобаста ба синну сол тавонистанд аз ин чорабинӣ ғизои маънавӣ ба худ бардошт намуданд..
Маврид ба зикр аст, ки чорабинии ”Шабе дар осорхона” иқдоми байналмиллалӣ дошта ҳадафи он фароғатии шаҳрвандон нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ ҷалбӣ бештари наврасону ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.
Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.