Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Комисари олии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба аққалиятҳои миллӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуданд. Меҳмононро Омири кулли Муассисаи Давлатии “Маҷмааи фарҳангию – таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. қабул намуданд ва аз ҷониби роҳбалад Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуда, аз таъриху фарҳанг ва анъанаву адабиёти ғании халқи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Дар фарҷоми боздид Комисари олии САҲА оид ба аққалиятҳои миллӣ таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахри” изҳор доштанд:
Дорогие друзья!
Для меня доставила большое удовольствие посетить областной исторический Музей Согдиской области братского Таджикистана!
Ползуясь такой прекрасной возможностью накануне Всемирного дня музеев, хотел бы пожелать вашему замечательному коллективу дальнейших успехов по ознокомлению мировой обшественности с древней историей, уникальной културой и дружным народом вашей земли. Спасибо вам огромное за неустанний труд! Большого вам человечесткого счастя, мирного неба и благополучия!
Бо эҳтиром ва миннатдорӣ Комисари олии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба аққалиятҳои миллӣ Кайрат Абдурахманов.
Мирзоева Иноят - роҳбалади осорхона