Ҳамасола, санаи 18 май Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳои ҷаҳон иди касбии хешро ҷашн мегиранд.Чуноне ки аз таърих бармеояд, соли 1977 Конфронси 11-уми генералии Шӯрои байналмиллалии осорхонаҳо дар шаҳрҳои Москва ва Ленинград баргузор гардида, резолютсияи Ассамблеяи генералии совети байналхалқии осорхонаҳо қабул шуда буд. Аз соли 1978 ҳамасола Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо беш аз 150 кишвари ҷаҳон таҷлил мегиранд. Ин ба таври умум эътироф шудааст, ки ҷомеа муносибати худро ба мероси таърихию фарҳангӣ тавассути осорхонаҳо баён мекунанд. Осорхонаҳо бо ҷамъ намудан ва нигоҳ доштани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ кори бузурги илмӣ ва тарбиявиро ба ҷо меоранд. Ҳар сол ин ҷашн ба фаъолияти осорхонаҳо бахшида шуда бо як тавҷҷуҳи хоса ба ин мавзӯи сол, осорхонаҳои саросари ҷаҳон барномаҳои маърифатӣ омода мекунанд. Инчунин дар ин рӯзи ҷашни бошукӯҳ бисёре аз осорхонаҳои ҷаҳон дарҳои худро барои тамошобинон ройгон мекушоянд, экпозитсияҳои нав,сайрӣ илмӣ ва хонишҳои илмӣ баргузор мекунанд. Дар саросари вилоят бо шарофати истиқлолият осорхонаҳои зиёде бунёд ва навсозӣ гардиданд, ба монанди Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен, Осорхонаи маҷмааи фарҳангию таърихии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд, Осорхонаи шаҳри Истиқлол, Осорхонаи “Қасри маданияти Арбоб” дар ноҳияи Б.Ғафуров, ки феълан сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид намуда буданд: ”Имрӯз вазифаи муқаддаси мову Шумо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз намудан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии кишварамон мебошад. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангоранги осорхонаҳои милливу таърихӣ муқаддаси инсони ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст”.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд раванди таъсиси нахустин осорхонаҳои кишваршиносиву таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни солҳои 30-юми асри XX, яъне дар замони истиқрори ҳукумати шӯравӣ шуруъ шуда бошад, ҳам дар замони истиқлолият ин ҷараён равнақи бештар гирифт. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни кишвар осорхонаҳои зиёде бунёд шуда ба фаъолият шуруъ намуданд, минҷумла, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Гулистон, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи таърихии вилояти Хатлон, Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Гафуров, Осорхона-мамнуъгоҳи бостоншиносии Панҷакент, Осорхона-мамнуъгоҳи таърихию кишваршиносии “Ҳулбук”, Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳри Кӯлоб ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ташрифи меҳмонони хориҷӣ сол ба сол афзуда истодааст,ки ин раванд гувоҳ ва диққатҷалбкунанда будани фарҳангӣ миллати тоҷиконро нишон медиҳад, ки хориҷиён аз он бетараф нестанд. Ба ин ҷониб баргузории барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, равшангари гуфтаҳои болост. Ҳамасола, дар осорхона бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ чорабиниҳою маҳфилҳои илмӣ гузаронида мешаванд. Инчунин баргузории барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона”,ки барои тамошобинон, бахусус дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон мояи хушнуди мебошанд. Ёдовар шуд, ки чунин намуди барномаи иқдоми ”Шабе дар осорхона” бори аввал соли 1997 дар шаҳри Берлин, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Русия баргузор гардида буд. Ин иқдоми нек дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст дар соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор гардида, бо иштирок ва намоиши сайёри Осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ ҳудуди вилояти дар саҳми ҳавлии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҷлил карда шуд. Мақсад аз чунин иқдомот ин пеш аз ҳама пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхонаҳо, муаррифии осори ниёгон, ҳамчун макони таълимӣ ва маърифатӣ ба шумор меравад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ҷашни ”Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо”, ҷашни муҳим ва падидаҳои воқеии таърихию фарҳангӣ мебошад. Он натанҳо ба сокинони кишварҳои гуногун зарурати дӯст доштан ва донистани таъриху фарҳангии худро хотиррасон мекунад, балки имкон медиҳад, ки муколамаи байни кишварҳои мухталиф дар миқёси ҷаҳониро барқарор месозад.
Албатта, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни намояндагони фарҳангҳои гуногун, ки вазифаҳои асосии ҷашн ба шумор меравад, мусоидат хоҳад кард.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-Маркази иттиллоии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”