Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чорабинии иди Ғалаба

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 08 майи соли равон ба муносибати ҷашни 78-умин солгарди иди Ғалаба дар Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии” “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва консули генералии кишвари Русия дар шаҳри Хуҷанд Анрей Варламов чорабинии таҷлили иди Ғалаба баргузор гардид. Дар ҳузури сокинони мардуми Хучандшаҳр бо намоиши гузоштани лавозимотҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ошхонаи саҳроӣ (полевая кухня) бо омода намудани таоми шӯлаи марҷумак (каша гречневая) пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

  Ёдовар шуд, ки рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки дар кишвари Тоҷикистон муосир боқӣ мондааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи вилоят суруду рақсҳои ҷолиб, бахшида ба иди Ғалаба иҷро гардид, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.

Бигзор насли ояндаи кишвари Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани маҳбуб хидмат намоянд.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧорабинии иди Ғалаба
Scroll to Top