Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷлили иди Ғалаба

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 08-майи соли равон сокинони мардуми Хуҷандшаҳр, бахшида ба таҷлили ҷашни  78-умин солгарди иди Ғалаба  дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукуҳ сокинони мардум мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиё, ҷомеаи меҳнатии шаҳри Хуҷанд, мин ҷумла кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва дигарон бар пояи муҷассамаи ёдбудӣ шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузоштанд. Дар маросими таҷлили ҷашни солгарди 78-умини иди Ғалаба, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва инчунин, консули генералии кишвари Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов иштирок намуданд.

Ёдовар шуд, ки аз кишвари Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор сарбозу афсарон ширкат варзида, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат намуданд. Аз ин шумора беш аз 100 ҳазор нафар ба ватан барнагаштанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сарбозони кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шуданд, ки мардуми кишвар аз шаҳидони ҷанги хонумонсӯз ҳамеша поси хотир ва сари таъзим фуруд меоранд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷлили иди Ғалаба
Scroll to Top