Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Иди Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд мебошад.
Иди зафар дар саросари кишвари ҷаҳон 78-умин солгарди он ҷашн гирифта мешавад.Мо дар назди руҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем.Ёдбуди хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо зиндагиро падруд гуфтанд, поси хотир медорем. Эҳтироми оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тавоноии худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.
Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Аҳли ҷомеаи меҳнатии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”