Дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ мебошад.
Мо ҳар сол ин рӯзи таърихиро ба хотири арҷгузорӣ ба пайкори пуршарафи ҷангӣ, ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемислу монанд паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд, таҷлил мекунем.
Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.
78-сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муждаи Зафар дар рӯи замин танинандоз гардид.
Мо Рӯзи Ғалабаро бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои ҳамдиёронамон ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, таҷлил менамоем.
Бо гузашти солҳо шукӯҳу шаҳомати Рӯзи Ғалаба дар қалб ва хотираи мо боз ҳам қавитар гардида, ҳисси эҳтиром ва қадршиносии насли ҷавон нисбат ба собиқадорони ҷанг торафт бештар мегардад. Пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набард ва ба ҷо овардани эҳтироми ёди собиқадорони ҷанг қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар мебарад шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар бароямон равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Аз ин хотир дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ бахшида ба 78- солагии Рӯзи Ғалаба таҳти унвони “Номи қаҳрамонон ҳамеша ҷовидон аст” бар гузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. оғоз гардид. Дар конфронс Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд
Шавкат Шарипов – номзади илмҳои таърих, дотсент, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Маҳмудова Назира – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Киромиддинхон Атаев – собиқадори соҳаи маориф ва варзиш, пайвандони Пӯлод Атаев дорандаи 3 дараҷаи ордени шараф, намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, устодон ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории ш. Хуҷанд , донишҷӯёни “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, муассилини Гимназияи №4 бо роҳбарии Алиев Қаҳорхон, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Бахшида ба 100 – солагии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи се карат ордени шараф Пӯлод Атаев гӯшаи намоиши ба намоиш гузошта шуд.
Дар охири чорабинӣ филми ҳуҷҷатӣ бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешкаши меҳмонон гардид.
Сайфиева Ш – мудири шӯъбаи
оммави фарҳангӣ ва робита ҷомеа