Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саҳми тоҷикистониён дар ақибгоҳ (1941-1945)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо гузашти солҳо арзиши муборизаву корнамоии абармардони ҷабҳаҳои ҷанг дар қалбҳо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.                                                                 

                                                                                                                                                                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузургӣ Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:

“Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст”.

Дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба ҳайати он Тоҷикистон ҳам дохил мешуд, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалабаи халқҳои ИҶШС бар Германияи фашистӣ воқеаи муҳими фаромӯшнашаванда маҳсуб мегардад. Омӯхтани таърихи ин қаҳрамониҳои  бемислу монанди ҷанговарон дар ҷабҳа  бар зидди душман ва меҳнаткашон дар корзорҳои ақибгоҳ на фақат аҳамияти илмӣ, балки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ  ва меҳнатдӯстӣ аҳамияти хеле калон дорад.

Гарчанде Иттифоқи Шӯравӣ барои пешгирии ҷанги дуюми ҷаҳон кӯшиш карда бошад ҳам, сентябри 1939 бо ҳуҷуми Германия ба Полша ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Баъд аз забт кардани Австрия, Белгия, Голландия, Франсия, соли 1941 ҷанг зидди Иттиҳоди Шуравӣ сар шуд.

22 июни соли 1941 қушунҳои Германияи фашистӣ бидуни эълони ҷанг бо мақсади талаву тороҷ ва ғорат намудани Иттиҳоди Шуравӣ, ки ба ҳайати он Ҷумҳурии Тоҷикстон низ шомил буд, ҳуҷум оварданд. Ҳукумати ИҶШС, аз он ҷумла Тоҷикистон, аз рузҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ тадбирҳои фаврӣ дида, ба халқи мамлакат  ба воситаи радио ва рузномаҳо мақсади нопоки душманро мефаҳмонданд. Моҳҳои аввали ҷанг соли 1941 аз Тоҷикистон 5857  нафар одамон бо ихтиёри худ ба ҷанг рафтанд. Дар солҳои ҷанг бештар аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Суғд (Ленинобод) 76 ҳазор ба ҷабҳаи набард фиристода шуда, барои дифои Ватан мардонавор адои хизмат намуданд. Роҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ вазъияти ба амал омадаро ҳаматарафа санҷида, ба тамоми ташкилотҳои поёнии Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукуматӣ супориш доданд, ки дар мамлакат фаъолияти кулли ҷабҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ барои таъмини фронт нигаронида шаванд. Дар асоси нақшаи пешниҳод намудаи Ҳукумат корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон барои фронт консерваҳои мевагӣ, гӯштӣ; саноати сабук ба ҷанговарон либосҳои ҳарбӣ, пойафзоли гарм, матои абрешимӣ; саноати сӯзишвории Тоҷикистон-ангишт, нафт; саноати кӯҳӣ-металлҳои ранга барои тиру туфанг истеҳсол мекарданд. Ҳамин тавр, фаъолияти саноати Тоҷикистон, коркунони хоҷагии қишлоқ  аз ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри таъмини фронт нигаронида шуда буд.

Ба комбинати абрешими шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) солҳои ҷанг 240 дастгоҳҳои техникии гуногун оварда шуда, аз ҳисоби онҳо теъдоди дастгоҳҳои бофандагӣ дар комбинат 154 адад афзуд.

Аз соҳаи саноати хурокворӣ дар Ленинобод заводҳои равғанкашӣ, сехи консерваи гӯштӣ, сехи истеҳсоли зарфҳои шишагин, сехи консерваи сабзавот дар Конибодом, заводи истеҳсоли спирт дар Исфара, пивопазӣ дар Исфисор, сехи мавизтайёркунӣ дар Истаравшан, ба кор шурӯъ карданд.

Албатта дар шароити ҷанг тараққӣ  додани саноати вазнини  кӯҳӣ ва сӯзишворӣ аҳамияти калон дошт. Аз ҳамин лиҳоз, сохтмони корхонаҳои коркарди металлҳои ранга дар Чорухдаррон, Табошар ва Адрасмон боз ҳам тезтар гардиданд. Солҳои ҷанг кони ангишти Зиддӣ дар ноҳияи Варзоб, истеҳсоли 300 ҳазор тонна ангишт  ба кор дароварда шуд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи саноатҳои ҳунармандии маҳаллӣ, артелҳои кооперативӣ ҳам аҳамияти калон дода мешуд. Дар Тоҷикистони давраи  ҷанг дар системаи кооператсияи ҳунармандӣ 31 комбинати ноҳиявӣ ва шаҳри амал мекард, ки дар ҳайати он 196 корхонаи саноати маҳаллӣ ва 160 коргоҳи истеҳсоли молҳои ниёзи мардум фаъолият доштанд. Аз ҷумла, сехҳои бофандагӣ, равғанкашӣ, собунпазӣ, кулолӣ, дегрезӣ, гӯгирдҳои картонӣ ва ғайра кор мекарданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон наздик 300 корхонаҳои  давлатӣ ва кооперативӣ маҳсулот истеҳсол карда, фронтро бо лавозимоти ҳарбӣ таъмин менамуданд.

Хусусияти хоси давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои Тоҷикистон аз он иборат буд, ки дар ҷумҳурӣ бештар саноати сабук тараққӣ мекард. Корхонаҳои саноатӣ дар шароити бади нарасидани қувваи коргарӣ ва кормандонӣ муҳандиси техникӣ фаъолият доштанд.

Ҳамин тавр, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон асосан барои фронт маҳсулот тайёр менамуданд. Баъд аз шикаст хӯрдани қӯшунҳои Германияи фашистӣ дар Сталинград вазифаи асосии армияи советӣ пурра торумор намудани онҳо буд.

Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 26 муассисаҳои илмӣ, аз он ҷумла 6 пажӯҳишгоҳ амал мекарданд, ки дар онҳо 353 коркунони соҳаи илм фаъолият мебурданд. Вазъияти ҷанг талаб мекард, ки дар Тоҷикистон муассисаҳои илмии нав ташкил карда шаванд.

Сентябри соли 1941 ҳукумати Тоҷикистон оиди аз нав ташкил кардани кори бахши Академияи улуми СССР дар Тоҷикистон қарор қабул карда филиалро вазифадор намуд, ки дар солҳои ҷанг мавзӯъҳои кори илмии олимон мафиати талаботи замон нигаронида шавад. Аз рӯзи аввали саршавии ҷанг коркунони институти геологии Тоҷикистон ба кофтукови металлҳои ранга волфрам, молибден, қӯрғошим, симоб, машғул буданд, зеро ин филисҳо барои фронт хеле зарур буданд. Дар натиҷа геологҳои Тоҷикистон ҷойҳои нави  манбаъҳои металлҳои рангаро муайян карданд.

Дар давраи ҷанг олимони соҳаи ботаника ҳиссаи калон гузоштанд. Дар натиҷа омӯхтани набототи Тоҷикистон бисёр рустаниҳои шифобахш муайян карда шуданд.

Коркунони соҳаи тиб оиди табобати сарбозони аз фронт баргашта, шикасту баст, камхунӣ ва дигар ҷароҳатҳо кори илмӣ мебурданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳимояи Ватан вазифаи ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз он ҷумла коркунони эҷодии Тоҷикистон низ буд. Дар ин ҷода саҳми нависандагон хеле калон аст. Нависандагон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ ва дигарон на фақат бо асарҳои худ, балки баъзе аз онҳо бо иштирок дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам душманро қир карданд. Дар ин ҷанг соҳибсуханони ватанпарвар Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода,  Ҳаким Карим ва дигарон иштирок намуданд. Барои нишон додани ҷасорат дар ҷанг Ҳ. Юсуфӣ, С.Улуғзода, Ф.Ниёзӣ, М.Фарҳат, А.Қаҳҳорӣ бо ордену медалҳо мукофотонида шуда буданд.

Муаллимон ва донишҷӯён баъд аз дарс, ба кори корхонаҳои саноатӣ ва саҳроӣ ҷалб карда мешуданд. Онҳо барои иҷрои супориши Ватан меҳнат мекарданд. Ғайр аз он донишҷӯён дар ҷамъоварии металлҳои ранга, духтарон ба бофтани ҷуробҳо, дастпушакҳо ва дигар лавозимотҳои ба армия лозимбуда, кӯмак мерасониданд. Қисми духтарони донишгоҳ ҳамчун ҳамшираи шафқат дар госпитали шаҳр, ки маъюбони ҷанг оварда шуда буданд, ёрдами тиббӣ мерасониданд.

Ҳамин тавр, ҷомеаи институти педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров барои ғалаба аз болои душман кӯмаки худро расонидааст.

Қаҳрамононии меҳнатии халқи тоҷикро  дар ақибгоҳ ба инобат гирифта, баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ 102 ҳазор коркунони хоҷагии халқи Тоҷикистон бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” мукофотонида шуданд.

Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки фарзандони тоҷик чӣ дар фронт ва чӣ дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ аз хотири насли имрӯза ва оянда фаромӯш нахоҳад гардид.   

Хоҷаева М- мудири шӯъбаи таърихи

давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаҳми тоҷикистониён дар ақибгоҳ (1941-1945)
Scroll to Top