Барои гузаштани ташхиси тиббӣ дастаҷамъона кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо сарварии мутахассиси ҳифзи меҳнат Муйдинова Зебоҷон, имрӯз аз дармонгоҳи №6-и шаҳри Хуҷанд, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.
Табибони ҳозиқ ба монанди асабшинос, дилшинос, босира, гулӯ ва бинӣ, амрози дарунӣ муқоисаи маълумоти бадастомада, пешгирӣ намудан аз касалиҳо, оид ба коршоямии кормандон хулосаи тиббӣ доданд. Ташхиси аниқ барои интихоби усули муолиҷа ва муайян кардани дараҷаи корношоямӣ хело зарур ва саривақтӣ аст зеро ки пешгирии бемориҳо ба шахси ҷамъиятӣ роҳандози гардида, шароити бехатарии меҳнат, муҳофизати муҳити зист, беҳбудии санитариро таъмин мекунад. Кормандони тиб ҳар сол як маротиба саломатии кормандонро назорат мебаранд, ки барои чунин ғамхориҳо аҳли кормандон арзи сипос мегӯем.
Албатта, эҳтиёт кардани саломатӣ дар дасти ҳар як шахс аст. Риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахс, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, риояи тартиби меҳнат ва истироҳат, даст кашидан аз одатҳои бад ин ҳама ба саломатӣ ва фаъолияти эҷодии ҳар як шахс мусоидат мекунад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот