Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷавонон – нерӯ ва тавони бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст”.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад, шахсони синнашон то  30 сола  70% аҳолиро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик дар идоракунии давлати мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорад.

Санаи 29 – уми апрел соли равон гурӯҳи ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ , ки дар форуми таҳти мавзӯи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ” иштирок карданд, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Ҷавононро омири Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим пешвоз гирифта, аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот доданд. Аз тарафи роҳбалади осорхона Маҳмудов Нурулло сайри илмӣ гузаронида шуд. Ҷавонон бо завқу ҳаваси баланд сайри илмиро гӯш карда, аз таъриху куҳани миллати  тоҷик боз маълумотҳои наве пайдо карданд.

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. 

Сайфиева Шарифа- мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶавонон неруи пешбарандаи ҷомеа
Scroll to Top