Дар доираи сафари корӣ намояндагони палатаи савдои Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ ба вилояти Суғд Ҳан Пэк Ҳӣ ва намояндаи палатаи савдои вилояти Суғд Қобилзода Ғайрат ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд ва аз толорҳои намоишӣ дидан намуданд, ба онҳо роҳбалади осорхона Мирзоева И дар сатҳи баланд сайри илмӣ гузарониданд. Меҳмонон аз таърихи куҳани тоҷикон дар рафти сайри илмӣ бархурдор шуда, таасуроти худро дар китоби фикру мулоҳизот чунин иброз намуданд:
Мо ба Тоҷикистон ташриф овардем ва дар оянда мехоҳем, ки Тоҷикистон боз ҳам давлати пешрафтатар шавад.
Орзуманди онам, ки Дӯстии байни Тоҷикистону Корея то абад ҷовидон бимонад.
Ҷанобӣ Ҳан Пэк Ҳӣ.
Мирзоева И-роҳбалади осорхона