Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сад ранги чакан

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Санаи 25 апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Фестивал-озмуни вилоятии “Сад ранги чакан” баргузор гардид ,ки дар он ҳунармандону тарроҳони номвар,намояндагони соҳаҳои гуногуни мухталиф,занону духтарон ва дӯстдорони ҳунару фарҳанги миллӣ тоҷикӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинии фестивал-озмуни вилоятӣ,муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва Раиси кумитаи кор бо занҳо ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазод,инчунин шахсони масъулини шаҳру вилоят иштирок намуданд. Ин фестивал-озмуни вилоятӣ бо ҳадафи муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ, сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки дар озмун аз рӯйи номинатсияҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, ”Намоиши либоси рӯзмарра”, ”Либоси қадимаи чакан” ва “Либосҳои расмӣ” сурат гирифта дар он ҳунармандон бо маҳсули эҷоди худ бо ҳам рақобат пазируфта, аз ҷониби ҳакамон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

   Ҷоиз ба қайд аст, ки фестивали озмуни “Сад ранги чакан” ин эҳтиром ба мероси ниёгони таъриху фарҳанги миллати тоҷик, ки яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон ба шумор меравад, аҷргузорӣ бояд кард.

 

 

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот

 

                      

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСад ранги чакан
Scroll to Top