Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонони фахрӣ аз Ҷумҳурии Белорус

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Жидков Олег Николаевич Роҳбари Консерни саноати озуқавории Ҷумҳурии Беларус ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхона таърихии вилояти Суғд боздид намуданд. Меҳмононро ҷонишини омири осорхонаи  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию – таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Олимова Н. қабул намуданд ва аз ҷониби роҳбалад Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аз наздик огоҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин ба Китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ таассуроти худро ба таври зайл нигоштанд:

Спасибо большое за увлекательную экскурсию! Всегда приятно изучать историю Таджикистана и каждого уголка этой прекрасной страны !

Желаю процветания, благополучия и мира.

От имени делегации концерна “Белгоспищепром” Республика Беларусь, председатель концерна  Жидков Олег Николаевич.

Ҳадаф аз сафар ба вилояти Суғд ва боздид аз муассисаҳои таърихиву фарҳангӣ ин таҳкими равобити дуҷониба, баррасии имконоти мавҷуда ҷиҳати густариши робитаҳо, мубодилаи афкор ва огоҳии комил аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аст.

Шарифахон Сайфиева - мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи меҳмонони фахрӣ аз Ҷумҳурии Белорус
Scroll to Top