Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи шаҳри Истиқлол (Табошар)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) соли 1937 дар ҳайати ҳудудии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ташкил ёфтааст, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Чкалов тобеъ буд. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 мақоми шаҳрро гирифт. Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2012 шаҳр номи Истиқлолро гирифт.   

Шаҳри Истиқлол дар доманаи куҳҳои Қурама қарор дорад. Бино ба маъхазҳои таърихӣ номи “Қурама” аввалин маротиба дар ҳуҷҷатҳо аз вақфномаи феодали осиёимиёнагӣ Хоҷа Аҳрор дар соли 1489 дарёфт карда шудааст. Дар асри Х, Роҳи бузурги Абрешим аз Хуҷанд ба Охсикат ва дигар шаҳрҳои Фарғона ба тариқи соҳили рости дарёи Сир ва ҷануби қаторкӯҳҳои Қурама равон мешуд.

Қаторкӯҳи Қурама диққати бисёр олимони соҳаи бостоншиносӣ ва геологияро ба худ ҷалб намудааст, ки яке аз ин олимон Массон М.Е буд. Таҳти роҳбарии ӯ соли 1929 аз доманаҳои ин қаторкӯҳ дар болои деҳаи Дӯлона корди биринҷӣ дарёфт карда шуд, ки таърихи хеле қадим дорад. Бо роҳбарии геологҳо Романовский Г.Д, Королёв А.Д, Наследов Б.Н дар Қаромазор ҳафриёт гузаронида шуда, аз он ҷо дирҳами чиғатоӣ, сиккаи давраи темуриён, бели чӯбин ва махсусан ҳайкали “Чилдухтарон” дарёфт гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад,ки ин мавзеъ таърихи тӯлони ва бой дорад.

 Шаҳри Истиқлолро шаҳри геологҳо низ мегӯянд. Қаторкӯҳҳои Қурама дар шимоли шаҳр ҷойгир аст, ки замоне дар ин мавзеъ оҳан, мис, сурба, нуқра ва тилло коркард карда мешуд. Рушди шаҳри Табошар баъди солҳои 30-юми  асри гузашта оғоз гардида, садҳо нафар геологҳо, кӯҳканҳо, муҳандисону технологҳо ба он ҷо омада, бо истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ дар комбинати кӯҳию кимиёвӣ ва дигар корхонаҳо фаъолият намудаанд.

          Тирамоҳи соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд аввалин съезди Қаромазор оиди фулузоти ранга ва камёб ташкил карда шуд.Баъд аз итмоми съезд маводҳое, ки геологон аз  Қаромазор дарёфт карданд, ба осорхонаи кишваршиносии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

          Осорхонаҳо дар ҷомеаи имрӯза яке аз марказҳои асосии таърихӣ-фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, мавқеи онҳо рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст.Ба шарофати ҷашни Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи шаҳри Истиқлолро мавриди истифода қарор доданд.Бинои осорхона бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бо тарҳи меъмории миллӣ азнавсозӣ карда шудааст. Бинои осорхона як ошёна буда, дар он се толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихии шаҳри Истиқлолро бозгӯ мекунанд. Нигораҳо ва тасвирҳо дар осорхонаи мазкур аз гузаштаи таърихи куҳани шаҳри Истиқлол шаҳодат дода, дар муаррифии ёдгориҳои он нақши муҳим дорад. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истиқлол ёдгориҳои таърихии дар натиҷаи ҳафриёти археологии олимон пайдо гардида, дар осорхона ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад.

Осорхона метавонад барои ҳар фарди миллат, алалхусус меҳмонони хориҷӣ, дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи некӣ тоҷиконро баён намояд.

 

Мудири шӯъбаи

таърихи давраи муосири

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”                                  Хоҷаева М.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз таърихи шаҳри Истиқлол (Табошар)
Scroll to Top