Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маърифати экологӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳифзи беназири табиат ва сарватҳои он диққату эътибори махсус дода мешавад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2021 таҳти рақами №116 дар бораи ”Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мисоли равшании ин ғамхорӣ мебошад.

Мақсади барнома тарбия ва маърифати экологӣ ба хотири муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист ҳамаҷониба аз тарафи аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оид ба ташаккули хоҳиши устуворӣ, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва таблиғотӣ яке аз ҳадафҳои экологӣ мебошад, корбарӣ шуда истодааст.

Ҷиҳати амалигардонии барномаи мазкур яке аз воситаҳои самарабахш ин баланд бардоштани сатҳи муносибати эҳтиёткорона ба табиат ин ҳамасола оид ба кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу мевадор, гулу гулбуттаҳо ва лолаҳои рангоранги мавсимӣ, баҳри ободу зебо гардонидани Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ равона гардидааст.

Бесабаб нест, ки иқтисоду тавоноии ҳар як давлат дар арсаи байналмилалӣ низ, пеш аз ҳама, аз рӯйи чигунагии захираҳои табии он муайян карда мешавад. Кишвари Тоҷикистон дорои куҳу дарёҳо, кӯлу баҳрҳо, ҷангалу бешаҳо ва бисёр боигариҳои дигар мебошад.

Муаммои муҳофизати муҳити зист серпаҳлӯст ва моҳияти асосиаш масъалаи муҳофизати саломатии инсон ва ҳифзи эҳтиёткоронаи табиату сарватҳои он мебошад. Тақдири насли ояндаи ҷомеа ба чигунагии ҳалли имрӯзаи ин муаммо вобаста аст. Зеро, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, нисбат ба дигарон, эҳтиром ба табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ваҳдат - ҳамаи ин сифатҳои асосӣ фарҳанги беҳтарини экологӣ мебошад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМаърифати экологӣ
Scroll to Top