Дарси навбатии забони тоҷикии донишҷӯёни ДДҲБСТ ғайрианъанавӣ буд, чунки он на дар паси мизи донишгоҳ, балки дар Осорхонаи таърихӣ гузаронида шуд.
Устоди донишгоҳ Т.Шокиров мегӯяд, ки ин амал бо ташаббуси донишҷӯён роҳандозӣ гардида, онҳо аз натиҷаи таассуроти худ иншои мавзӯӣ хоҳанд навишт. Зарурати тамошои Осорхона танҳо хоси дарси таърих нест, балки ба забону адабиёт ҳам тавъам аст. Иқдоми донишҷӯён аз ҷониби кормандони маҷмаа низ дастгирӣ ёфт ва аз тарафи мудири шӯъбаи таърих И.Турсунов сайри илмии толорҳои намоишии Осорхона гузаронида шуд.