Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз,намоиши экспонатҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ, ки тӯли панҷ соли охир харидори карда шуда, ба миқдори 93 ададро дар бар мегирад,ки танҳо як қисми ками онҳо аз қабили мисгарӣ,кашидадӯзӣ,ҳунари кордсозӣ ва дигаре аз ҳунари миллии тоҷикон ва тамаддуни ҷаҳонӣ дар намоиш гузошта шудаанд. Ин нигораҳои нодир аз ҷониби кормандони доимии илмии осорхона ташкил ва идора карда шуданд. Аз ин намоишгоҳи бонуфуз меҳмонон аз ҳунари дастидӯзии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят,ки ба худ як хоси ҳунарҳои аҷдоди дорад, ҷалб намуд.Бо вуҷуди ин андешаҳои бинандаро намоиши экспонатҳо ба таърихи гузашта печутоб дода бо таърихи ҳозира пайваст мекунад.Ҳар як бинанда кӯшиш мекунад,ки маънои ин ё онро фаҳмад ва таърихи куҳанбунёди гузаштагонро ба худ дида тавонад. Албатта,кормандони осорхона дар якҷоягӣ ороиши нав ба нави экспонатҳои таърихӣ барои меҳмонон пешкаш мекунанд, ки аз ёдгориҳои таърихӣ бинандаро ба ҳайрат меоварад. Ин ҳамагон намоиш сайри илмӣ буда хотираҳои нек аз фарҳанги қадимаи ниёгони халқи тоҷик дарак медиҳад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.