Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷашни бузурги Наврӯзи Аҷам

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷашни бузурги Наврӯзи оламафрӯз бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, натанҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмиллалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари кишвари азиз,бахусус дар Хуҷандӣ бостони таҷлил карда мешавад.

Бо ин мақсадҳои некӣ осудаву осоиштагӣ, санаи 30-марти соли равон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, як гурӯҳи меҳмонони олимақом  дидан намуданд.  Омири кулли муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”,Иброҳим Иброҳимов ҳамагонро бо фарорасии таҷлили ҷашни Наврӯзи аҷам хайру мақдам ва табрику муборакбод намуд ва аз тарафи роҳбаладони Осорхона сайри илмӣ гузаронида шуд.

Қобили зикр аст,ки дар ин чорабинии боздид меҳмонони олимақом аз ҷумла, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси кумитаи давлатии кор бо занони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони ҳизби халқии демократии вилояту ноҳияҳои кишвар, Раиси ҷамъияти “Дӯстӣ”-и дар шаҳри Душанбе, адибон, олимон, рӯзноманигорони шабакаҳои воситаи ахбори умуми ҷумҳуриявӣ ва инчунин Раисони ҷамъиятии “Тоҷикон”, дар кишварҳои  Федератсияи Русия иштирок намуданд. Роҳбаладони Осорхонаи вилояти Суғд, Мирзоева Иноятхон ва Сайфиева Шарифахон сайри илмӣ гузаронида аз таъриху фарҳанги қадимаи гузаштаи халқи тоҷикон маълумоти мухтасар доданд.

Сониян меҳмонон таассуроти худро ба китоби мулоҳизавӣ ёддошт намуданд. Инчунин, дар пояи муҷассамаи рамзии Темурмалик аксбардорӣ намуда аз тарзи инъикоси ҳаёти гузаштаи таърих аз наздик ошно гашта ба худ хотираи нек бардошт намуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶашни бузурги Наврӯзи Аҷам
Scroll to Top