Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарахт табиатро дигаргун кард

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тасаввуроти инсон дар бораи хосиятҳои табиат, ки моро иҳота мекунад, бояд ҳамеша кашфиёти табиатро омӯхт. Ҳамаи он чизе, ки моро дар табиат иҳота кардаанд дар ҷараёни эволютсия ба вуҷуд омадааст.

Албатта, меҳнат ва меҳру муҳаббати бисёрасраи боғдорӣ, бахусус дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, навъҳои беҳтарини дарахтони сояафкану ҳамешасабз, мевагӣ, буттагӣ (қот, малина, марминҷон), ки зиёда аз 3000 адад шинонида шудаанд, нашуънамо ёфта истодаанд. Дар қатори инҳо, инчунин, дарахти нодир бо номи “Павловния” барои зебу зиннат бахшидан аҳаммияти бағоят фарҳангӣ дорад оварда шуд. Навъи дарахт ба шароити маҳаллӣ мутобиқ буда, бо талошу заҳмати сарвари Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи оламафрӯз, 120 адад бех тариқи ҳашар шинонида шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дарахти “Павловния” хокро ислоҳ медиҳад, решаи онҳо заминро ҳаракат дода, ба таври уфуқӣ паҳн шуда ба осонӣ мутобиқ мегардад. Аввал он ки, гази карбон, чанг ва садоро нисбатан ба чӯби оддӣ 4 маротиба зиёдтар мегирад. Аз ин рӯ, дарахти “Павловния” дар саросари минтақаҳои бузурги ҷаҳон шинонида шудааст.

Номи “Павловния” ба сабаби иштибоҳи табиатшиноси олмонӣ Филипп Сиболд ва Ҷозеф Зуккарини пайдо шудааст. Онҳо мехостанд ба ин ниҳол номи духтари император Павел I Анна Павловна  гузоранд, аммо ном бурдан ғайриимкон буд, зеро намуди дарахт бо чунин ном яъне Анна аллакай вуҷуд дошт ва онҳо номи дувум Павловнаро ба он дарахт мансуб донистанд. Бояд гуфт, ки “Павловния” дарахти баланди баргрез буда, танаш рост ва тоҷпаҳн мебошад.

Баргҳояш муқобилу дароз ва се лоша буда, шабоҳат ба зангӯла дорад. Инчунин, чӯби “Павловния” хело гаронбаҳо буда, барои сохтани мебел, асбобҳои мусиқиву киштисозӣ ва дигар соҳаҳо истифода мебаранд. Дарахти “Павловния” сояафкан буда, хокро мустаҳкам мекунад, боғро ороиш медиҳад. Намуди зоҳирии экзотикии дарахт, баргҳои мисли зангӯла ва гулҳои бунафшранги калон ва хушбӯйи дорад. Дарахти “Павловния” муддати тӯлонӣ барои ороиши боғҳо, хиёбонҳо дар шаҳрҳои Шанхай, Токио, Ню-Йорк ва шаҳрҳои давлати Укроин ба монанди Одесса, Киев, Лутск, Ужгород, Харков истифода мешуд. Бо шарофати суръати бениҳоят афзоиши он дар сайёра машҳур гардид. Он дар давоми ду сол ба осонӣ ба баландии 5 метр мерасад ва баргҳояш диаметри 10 см мешавад, ки ба кас ҳайрат мебахшад. Давомнокии умраш 100 сол мебошад. Ба тавре, ки дар боло зикр шуд, дар тирамоҳ баргҳои бузурги дарахтони яксола ба замин меафтанд, хушк мешаванд ва бо миқдори зиёди моддаҳои ғизоӣ хокро ғизо медиҳад, сохтори муқаррарии онро барқарор мекунанд. Дарахти “Павловния” ҳамчун дору дар Осиё истифода бурда мешавад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо барои табобати бемориҳои гуногун дар тибби анъанавии  Чин ва Ҷопон истифода мешуд. Дар баргҳояш кислотаи урсолик мавҷуд аст, ки барои барқарорсозии табии пӯст бениҳоят муфид аст.

Албатта, боғбонони пуртаҷриба ба ин намуди дарахти нодиру фоидабахш, ҳамеша малакаи худро ба талаботи биологӣ ва дар навбати аввал ба режими ҳарорат, ғизо ва давраи бардавоми нашъунамои боғи истироҳатӣ тадбирҳои агротехникӣ равона гардидааст, тадбирҳо меандешанд, то ки муҳити зист боз хуррамтару зебо гардад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарахт табиатро дигаргун кард
Scroll to Top