Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гули лола

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Замоне, ки инсон вориди макони дилрабо мегардад, гӯё ки табиат ӯро ба оғӯши худ мекашад. Ҷилои тозаи гулу гулбуттаҳо ва лолаҳои рангоранг бо тамоми ҳастияш ба чашм нуру ба дил фараҳ  мебахшад.

Яке аз шартҳои зебову тамошобин  гардонидани маҳали зист ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф мебошад. Падидаи хурсандибахш аст, ки дар ҷашни Наврӯзи оламафрӯз намудҳои нав ба нави гулҳои лола оварда шуда, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи  Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, дар раванди ободонӣ, зиёда аз 150 ҳазор бех ва 29 намуд гулу гулбуттаҳо, лолаҳои рангоранги мавсимӣ ва инчунин, 120 адад дарахти “Павловния” шинонида шудаанд, ки аксарияти онҳо алакай гулкарда ба инсон ҳусни таровати баҳорӣ  мебахшад.

Лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангию орзуҳо нуҳуфтааст. Гули лола зуҳуроти табии худро дорад, вай рамзи ишқ аст, яъне лола рамзи хушбахтӣ, комёбӣ ва дороист. Ҳар шомгоҳон мардум албатта, аз фурсати рӯзҳои баҳорӣ истифода бурда сайри боғи фароғатӣ осудаҳолона гашту гузор мекунанд, шояд баъди дидан масалу хотироти некро ба вуҷуд орад, ки хеле рамзиву аҷиб метобад. Инчунин, иштироки меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ бо фараҳу шодмонӣ аксҳои хотиравӣ  ба худ мегиранд, ки ин симои маърифат, фазилат ва ҳунари боғбонон, симои сулҳу дӯстиро ба он ҳусни хосса мебахшад.

Албатта, ин фоли нек аст ва аз пирӯзиву хушбахтӣ, амну орому осоиш ва зиндагии пур аз меҳру муҳаббати дӯстдории мардуми тоҷикро нишон медиҳад.                   

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГули лола
Scroll to Top