Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Давот

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Давот аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш рангдон, мураккабдон ё сиёҳдон мебошад. Давот зарфи кӯчакест, ки онро аз сафол, шиша мис ё аз биринҷ месохтанд ва қаламро барои навиштани хат бар он фурӯ мебаранд. Давот шаклу андозаҳои гуногун дорад.

Дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ якчанд намудҳои давот бо мӯқалам ва найқалами шаклҳои гуногун ба маъразӣ тамошо гузошта шудааст, ки ба асрҳои XVIII-XIX мутааллиқ аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар замони муосир давотҳо ҳамчун коллексия аз шиша, пластика, санг ва маснуоти дигар сохта мешаванд, ки дар он ғайр аз лавозимоти хатнависӣ қаламтарошак, ширеш ва соат низ мегузоранд.                                

Ҳазрати Шайх Камоли Хуҷандӣ мефармоянд:

Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,

Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДавот
Scroll to Top