Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Суманак- рамзи баҳор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадима ва суннати деринаи мардуми тоҷик буда, дар таҷлили ҷашни Наврӯзи  аҷам,  таоми алафии баҳорӣ Суманак  ё  Сумалак  ном мебаранд, тайёр карда мешавад. Суманак аз дигар таомҳо комилан фарқ мекунад. Он як навъ таоми серғизои хушхур буда,  маҳсулоташ асосан аз гандуми сабзида иборат мебошад. Яъне, як навъи  хуруши Наврӯзист, ки аз сабзаи гандум омода карда мешавад.  Зеро, худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебою осоиштагии ҳаёти мардум ба шумор меравад.  

Бахшида ба ин ҷашни Наврӯзӣ ва осоиштагӣ, тасмим гирифта шуд, ки санаҳои 18-19  уми марти соли 2023 аз ҷониби занҳои фаъоли Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, чун рӯзи ид гандуми сабзидаро тоза шуста ба деги калон партофта суманакпазиро оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад. Дар гирди дегӣ суманак занҳо сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо карданд , ки худ гуфтанд, соли навро бо хандаю хурсандӣ ва шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодмонӣ зиндагӣ хоҳӣ кард. Инчунин, ба дастархони Наврӯзӣ пухтани таомҳои хоси миллӣ ба монанди,хӯроки миллии мардумӣ ҷаварӣ, чалпак, самбӯсаҳои алафин, оши палав, қаннотиҳои ширинӣ тармеваю хушкмеваҳо,ки ба монанди ҳафт”син “-у  “ҳафт шин” пешкаш карда шуд.  Ҳангоми  кофтани дег  занҳо таронаи ”Суманак дар дег мо дафча занем”, ки суруди маъруфи суманакпазӣ ба шумор меравад,  замзама намуданд.  Аз аввали  шаб то субҳ  даф зада,  рақсу бозӣ ва таронасароӣ  намуда, субҳи содиқро пешвоз гирифтанд.          

Пеш аз дамидани субҳ оташи дегро хомӯш карда болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш пӯшониданд. Субҳи содиқ ки расид, занҳо ҷамъ омада  сарпӯши  дегро  бо дуои хайр бардошта,  аввалин  косаи суманакро  ба аҳли калонсолон  ва  боқимондаи  суманакро  ба ҳозирин  табаррукона тақсим  намуданд,  ки  бесабаб  аҷдодони гузашта  нагуфтаанд , суманак  рамзи  баҳор  аст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСуманак- рамзи баҳор
Scroll to Top