Соли равон бо пешниҳоди сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар 150-солагии шоири маҳбуби нимаи дуввуми асри Х1Х ва аввали асри ХХ Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҷашн гирифта мешавад.
Яке аз нусхаҳои аслии девони шоир ҳоло дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ маҳфуз аст. Ин девон бо хати форсӣ буда, чопаш сангӣ аст. Аз рӯи ин китоб нашри нави «Девон»-и Нақибхон Туғрал, бевосита бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳуруфоти кириллӣ ва форсӣ аз ҷониби Нуралии Нурзод-мудири кафедраи адабиёти классикӣ ва олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳия гардид.