Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гулҳои зебои баҳорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҷаҳони муосир назар афканем, қитъаҳои боғу хиёбонҳоро бегул тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои оро додани хатҳои гул, боғбонон  пешакӣ композитсияҳо месозанд ва гулшинониро ба нақша мегиранд. Ин амал ҳар сол аз ҷониби боғдорону гулпарварони моҳири Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, ба ҷо оварда мешавад.

Гулпарварон барои осон кардани корашон аз тақвими шинонидани гулҳо истифода мебаранд. Чаро ин маълумот лозим аст ва риояи тавсияи тақвимӣ чӣ фоида дорад?. Дар ҷавоб гулҳоро танҳо барои дилхушӣ мепарваранд, ки ҳар як ҳосил нигоҳбин ва шароити муайянро талаб мекунад.

Дар тақвими шинонидани гулҳои мавсимӣ маълумот дар бораи рӯзҳои мусоид, об додан ва пошидани нуриҳои минералӣ оварда шудааст. Риоя намудани ҳар як амал барои гулпарвар ҳатмӣ ва муфид мебошад. Яъне, гулҳои мавсимӣ бештар мешукуфанд ва хубтар нашъунамо меёбанд. Дигаре, диққат додан ба ниҳолҳои гул аз рӯзҳои аввал шинонидан равшании хуби офтобӣ лозим аст, гуфт дар суҳбат гулпарвари моҳир Дилафрӯзбону.

Дар идомаи суҳбат ӯ гуфт, ки ҳозир фурсати қулай ҳаст, барои рушди гулҳои шинонидашуда, таъсири нури офтоб хело муфид аст. Агар  аз ин таъсир каноргирӣ кунем,нашуънамои гулҳо ғайриимкон мегардад, бояд аз фурсат истифода бурд. Гулҳо ба таъсири нури офтоб муҳтоҷ ҳастанд.  Аз ин рӯ, мо боварӣ ҳосил кунем, ки таъсири нури офтоб барои зебову хуррам гаштани гулҳо таъсири худро мерасонад. Гулҳо мисли дигар растаниҳо аз об ғизо мегиранд.

Ин тафсилотро ба назар гирифта дар қадди роҳи дутарафаи боғи истироҳатӣ, зиёда аз 150 ҳазор адад гулҳои рангоранг ба монанди тагес, марҷонгул, петуния, салвия шинонида шуданд, ки аллакай ба нашъунамо шуруъ намудаанд.

Бо дидани гулҳои рангоранг инсон ҳаловати тоза ба худ мегирад. Ин гулҳои зебои фасли баҳор, бешубҳа ороиши шоистаи боғи истироҳатӣ хоҳад буд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГулҳои зебои баҳорӣ
Scroll to Top