Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳашар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, бахшида ба сазовори  таҷлили  ҷашни Наврӯзи аҷам, ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, рӯбучини саҳнаи даромадгоҳи гирду атроф ва қитъаҳои вобасташуда, рангбори қуббаҳои панҷараи иҳотавӣ ва тахтакурсиҳои нишасти умум,шустушӯи шишаҳои фурӯзонакҳои равшанидиҳанаи ҳудуди боғ,қайчӣ ва шохбур намудани нардҳои току дарахтон,тоза ва озода намудани шипангчаҳои истироҳатӣ, инчунин, баровардани партоваҳо  шанбегӣ гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ободонӣ, кормандон дастаҷамъона иштирок намуда ҷӯйборҳои обравро тоза, бехи дарахтонро  нарм ва  роҳравҳоро  рӯбучин намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни Наврӯзи аҷам, дар муассиса нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тавсиб расидааст, ки пайваста рӯзҳои шанбе  бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ,  ҷиҳати анҷом додани корҳои  ободонӣ, созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани гирду атрофи муассиса саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲашар
Scroll to Top