Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки, симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар онҳо занон кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Бешубҳа ва дар ҳақиқат сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад.
Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд. Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст.
Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи Модар” таҷлил карда мешавад. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғамуандӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Ба нураш гарчи ин хуршнеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Ид муборак бошад, модарони азиз!
Даврон Тошматов - роҳбалади осорхона