Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аллаи модар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Алла”- суруди навозишӣ мебошад, ки модар ҳангоми хобонидани кӯдак гаҳвораро оҳиста-оҳиста ҷунбонида, онро бо овози маҳин мехонад. Тавассути сурудхонии “Алла” модар меҳру муҳаббат, таманнову орзуҳои хешро нисбат ба фарзанди навзодаш баён месозад.

Модарон дуо мекунанд, ки дунё ором бошаду кӯдакон сиҳату саломат ба воя расанд, соҳиби илму ҳунар, касбу кор ва соҳиби хонаву дар гарданд. Суруди “Алла” аз матнҳои гуногун иборат мебошад. Дар таркиби суруди “Алла” рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шеърҳои ғазалгуна низ ба назар мерасанд. Матни суруди ”Алла” одатан, аз ҷониби модарон эҷод шуда, баъзан аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, байни мардум паҳн мешаванд ва хусусияти фолклорӣ пайдо мекунад.     

Модарон гоҳе мувофиқи завқу хоҳиши худ ҳангоми хондани ”Алла” ба тарзи бадеҳагӯи дар матнҳои анъанавӣ баъзе калимаҳо ва ибораҳоро иваз мекунанд ё номи тифли худро ба матн ҷой медиҳанд, ки дар натиҷа варианти нави суруд ба вуҷуд меояд. Суруди”Алла” бо оҳангҳои махсуси форам хонда мешавад ва гуфтан мумкин аст, ки тифл аввалин бор суруду оҳангро аз модар меомӯзад. Оҳангҳо ба зарбу усули ҷунбонидани гаҳвора мувофиқ садо медиҳад ва бо матн ҳамоҳанг мешавад.   

Аллагӯйи модарон низ ба монанди қиссаву афсонагӯй ва достонсарой, як ҷузъе аз фарҳанги куҳани мардуми тоҷик аст, ки роҳи тӯлонии таърихро тай кардаву албатта бо чандин дигаргунҳо то ба замони муосир омада расидааст. Модарон дар суруди аллаи худ маъмулан он розҳои ниҳонӣ ва орзуҳою ормонҳоеро, ки ба забон меоваранд, ки ба гӯшу ҳуши дигарон нест.

Кӯдаконе, ки аллаи модаронро мешунаванд, оромтабиат, нарммиҷоз ва меҳрубонтар мешаванд, ки ҳастиашон қуввату мадор, тавоноӣ ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад.

Модарон бо садои “Алла” бо як дасташон гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳанд. Ба фарзандаш шири сафед медиҳад, то ки дар зиндагӣ роҳаш сафеду бахти сафед ёраш бошад. Дар ҷаҳон модаре вуҷуд надорад, ки ояндаи дурахшони фарзандашро нахоҳад.

Аз ин рӯ, бо тавасуссути хондани сурудми”Алла” бо оҳанги неки оянда аз умқи муҳаббати беғаши дил ба гӯши фарзанд медарояд, чунки беҳтарин суруд дар рӯйи замин ин суруди аллаи модар аст.

Бале, модарон худ мабдаи меҳру орзую ормонҳое ҳастанд, ки қуввати дилу ҷонанд ва дар таппиши ҳар дили кӯдак бо сурудани “Алла” ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хирад ба фарзанд мебахшанд.

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАллаи модар
Scroll to Top