Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони «Конститутсия-пойдевори ҳуқуқии давлат» доир гардид.
Дар конфронс намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони Осорхонаи миллӣ ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Ба кори конфронс Омири кулли МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» И.Иброҳимов оғоз бахшид ва меҳмононро хайра мақдам намуда, бо рафти кори конфронс ошно намуд. Сипас А.Бобокалонов-профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ дар мавзӯи «Сарқонун-санади сарнавиштсози миллат» маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ намуда, қайд кард, ки «Мо Конститутсияро дар шароите қабул кардем, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва ин Сарқонуни мо заминаи муҳимтарини дастовардҳои мост».
Сипас Ш. Шарифов-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватании ДДХ оиди «Қонун зодаи тафаккур ва эҷоди мардуми ориёӣ» сухан ронда, ба ҳамагон аз таърихи қонуну қонунгузорӣ маълумот дод.
Маърӯзаи илмии Олимова Н.-корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосир дар мавзӯи «Конститутсия-роҳнамои давлати соҳибистиқлол» баромад намуда, аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят М.Қурбонова ҳамагонро аз номи раиси Раёсати фарҳанги вилоят О.А. Набиев ба муносибати Рӯзи Сарқонун муборакбод намуд.
Ҳамчунин дар ин чорабини муаррифии сомонаи расмии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. Омири кулли МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» И.Иброҳимов ба иштирокдорон сомонаро муаррифӣ намуд ва З.Шафиев директори маркази технологӣ-иттилоотии «Кова», ки корҳои техникии сомонаро ба ӯҳда доштанд ба ҳамагон тарзи корбарӣ бо сомонаро нишон дода таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯза бояд фарҳанги истифодаи интернетро бояд донанд. Сомона www.qalai-khujand.tj буда, бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ маълумот пешниҳод менамояд.
Дар қисмати адабии чорабини муҳассилини гимназияи №1, ба номи М.Беҳбудӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи санъат баромад карда, дар васфи Сулҳ, Ватан, Тоҷикистон шеъру сурудҳо хонда табъи иштирокдоронро болида намуданд. Конфронс дар сатҳи баланди таърихию фарҳангӣ доир гардид.